Таҳти чунин унвон тариқи нашриёти «Адиб» китоби нави нависанда Абдуғаффор Абдуҷаббор бо теъдоди 500 нусха интишор ёфт.
«Ҷазираи беном» аслан идомаи мантиқии қиссаи «Зоопарк» аст, ки соли 2017 дар номинатсияи «Наср» «Китоби сол» эълон шуда, соли гузашта дар нашриёти «Первый план»-и Санкт – Петербург ба забони русӣ чоп шуда буд.
Ба асари «Ҷазираи беном» профессор Иброҳим Усмонов ба сифати сарсухан мақола навишта, Нависандаи халқии Тоҷикистон Ӯрун Кӯҳзод ҳидоятгар шудаанд.