Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 02:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Рӯнамоии китобҳои нав дар Турсунзода

30 декабри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода рўнамоии се китоби тозанашри узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, масъули бахши ўзбекии нашрияи «Ҳидоят», шоир ва мутарҷим Ҳасанбой Ғойиб таҳти унвони «Дийдор соғинчи», «Хаёл чечаклари» ва «Мозийга айланган йиллар» баргузор гардид. 
Дар чорабинӣ Сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароѓатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзода, раиси Кумитаи Иҷроияии ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода Муистон Азизова, роҳбари бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода Абдуқаҳҳори Қосим, ҷонишини сармуҳаррири нашрияи «Халқ овози» Эркин Шукур, нависанда ва журналист Файзалӣ Шукур ва дигар меҳмононон ширкат варзиданд.
Чорабиниро адиб Абдуқаҳҳори Қосим оғоз намуда, ҳозиринро бо тарҷумаи ҳол ва фаолияти эҷодии соҳибҷашн шинос кард. Сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзода оид ба иштироки Ҳасанбой Ғойиб дар лоиҳаҳои Вазорати фарҳанг суханронӣ намуд. «Боиси сарафрозист, ки адибони шаҳри Турсунзода, кормандони китобхонаи марказӣ ва дигар китобхонаҳои шаҳр дар фестивалҳои ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон», «Китоб ва мусиқӣ» ва фестивали «Библиомарафон» ширкати фаолона намуда ба дастовардҳои назаррас ноил гаштаанд», - иброз дошт мавсуф ва шоир Ҳасанбой Ғойибро бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои саҳми арзандааш дар соҳаи фарҳанг супорида шуда буд, тақдим намуд.
Сипас, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода Муистон Азизова оид ба фаъолияти эҷодӣ ва ҷамъиятии шоир Ҳасанбой Ғойиб ақидаҳои худро баён намуда, мавсуфро бо «Сипоснома»-и КИ ҲХДТ қадр кард. Нависанда ва журналист Файзалӣ Шукур фикру оид ба китобҳои тозанашри соҳибҷашн изҳори андеша кард. «Ҳасанбой Ғойиб нафақат дар назму наср, балки дар тарҷума ҳам муваффақ гаштааст. Аз эҷодиёти зиёда аз 50 нафар шоирони тоҷик намунаҳо тарҷума кардааст», - гуфт Файзалӣ Шукур.
Дар чорабинӣ талабаҳои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №32, 75 ва аъзоёни маҳфили

«Ворисони Турсунзода» аз ашъори шоир бо забонҳои тоҷикӣ, ўзбекӣ ва русӣ қироат карданд. Кормандони хонаи фарҳанги шаҳри Турсунзода Пўлотҷон Давлатов, Валиҷон Мусоев ва Аброр Аҳмедов аз эҷодиёти шоир Ҳасанбой Ғойиб сурудҳо сароида, ба чорабинӣ ҳусни тоза зам намуданд.