Сомонаи пешина | Шб, 20 Январ 2018 | 04:01

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ДАР МАДОРИ «СИТОРАҲОИ ИТТИҲОД»

 

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Ибодулло Машраб бо Ҷоизаи "Ситораи иттиҳод" қадрдонӣ гардид. Ҷоизаи мазкур зимни баргузории Форуми 12-уми зиёиёни эҷодкор, ки 11-уми декабр дар шаҳри Маскав ифтитоҳ ёфту ду рўз ҷараён гирифт, ба намояндагони соҳаҳои мухталифи илму фарҳанги кишварҳои ИДМ супорида шуд. Форуми мазкур ҳамасола ба навбат дар кишварҳои ИДМ дар фазои тантанавӣ барпо мегардад ва дар назар аст, ки соли оянда дар пойтахти кишвари мо - шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Мавриди зикр аст, ки ҳунарпешаи маъруф Ибодулло Машраб дар баробари фаъолияти пурсамар дар театру синамо албоми сурудҳояшро низ тартиб дода, пешкаши мухлисони ҳунар кардааст. Ба шарофати фаъолияти серҷанбаи ҳунариву иҷтимоӣ ва хидматҳои шоистааш дар равнақи фарҳанги Тоҷикистони соҳибистиқлол ба гирифтани ҷоизаи "Ситораи иттиҳод" шарафёб шуд.

 

Мо ба табрики ҷоизадори "Ситораи иттиҳод" Ибодулло Машраб рафта, бо чанд савол ба ў муроҷиат кардем.

- Баъди ин хабари фараҳбахш Шуморо чӣ эҳсосе фаро гирифт?

- Ин ҷоиза барои ман эътибори махсус дорад. Ифтихори бузург аст, ки хидматҳои хоксоронаам дар соҳаи театр, кино, телевизион ва радио, чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ боиси он гардидаанд, ки банда барои гирифтани ин ҷоизаи бонуфуз ва асосии ИДМ пешбарӣ бигардам. Дар байни ҳашт нафар барандагони ҷоиза ҳунарпешаҳои халқии Иттиҳоди Шўравӣ, хореографу оҳангсозони машҳур, Ҳунарпешаи халқии Молдова, Рассоми халқии Иттиҳоди Шўравӣ аз Қазоқистон, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус буданд ва ба шарофати дастгирии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори ин шахсиятҳои маъруф банда низ ба гирифтани ҷоиза мушарраф шудам.

Барои гирифтани ин ҷоиза аз соҳаҳои илму маорифу фарҳанг намояндагони зиёд пешбарӣ мешаванд. Хушбахтам, ки заҳматҳоям дар театрҳои гуногун, аз ҷумла Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, Театри лухтак, Театри драмавии русии ба номи Маяковский, Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ, ки ҳашт сол директор ва роҳбари бадеии он будам, сурудҳоям, ки дар хазинаи радио маҳфузанд ва иҷрои нақшҳои гуногун дар филмҳо дар маҷмўъ барои гирифтани ин ҷоиза замина фароҳам оварданд.

Дар форуми зиёиёни ИДМ баъди гирифтани ҷоиза зимни суханрониям барои баҳои баланд доданашон ба хидматҳои хоксоронаам ба ҳайати ҳакамон изҳори миннатдорӣ кардам ва изҳор доштам, ки шумо натанҳо ба хидматҳои ман, балки ба таъриху фарҳанги Тоҷикистони соҳибистиқлол арҷгузорӣ кардед. Фикр мекунам, ки ин ҷоиза бояд боиси сарбаландии тамоми фарҳангиёни кишварамон бошад, зеро барои сазовор шудан ба он аз кишварҳои ИДМ 12 нафар пешбарӣ шуда буд. Ҳакамон аз ин миён ҳашт нафарро ба ҷоиза сазовор донистанд ва хушбахтона, яке аз онҳо ман ҳастам.

- Ҳайати ҳакамон аз киҳо иборат аст ва оё дар миёни онҳо намояндагони Тоҷикистон ҳам ҳастанд?

- Ростӣ, ман бо ҳайати ҳакамон куллан ошно нестам. Аммо фаҳмидам, ки ба ин ҳайат раиси Фонди байналмилалии ҳамкории гуманитарӣ, Ҳунарпешаи халқии Озарбойҷон Пўлод Булбулоғлӣ, Михал Эфимович Швидкой ва директори МФГС ҷаноби Иксанов шомиланд. Бо онҳо рў ба рў нашудаам. Ҷоизаро ба мо муовини Сарвазири Русия Голодетс Олга Юревна супорид. Маросими ҷоизасупорӣ дар доираи форуми фарҳангии ИДМ сурат гирифт. Ин форум фаъолияти яксолаи МФГС-ро ҷамъбасту таҳлил мекунад ва барномаи соли ояндаро муайян менамояд. Бояд бигўям, ки соли оянда маросими ҷамъбасти форуми мазкур дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Бовар дорам, ки мо бо меҳмоннавозии тоҷиконаамон ин чорабинии байналмилалиро дар сатҳи баланд барпо менамоем.

- Муносибати иштирокдорони форуми мазкурро ба илму фарҳанги тоҷик чӣ гуна дарёфтед?

- Он ҷо ба таври мушаххас дар ин бора касе сухан нагуфт. Аммо мо медонем, ки таваҷҷуҳи мардуми олам ба фарҳанги мо, ки воқеан бисёр қадимаву бой ва рангин аст, хеле зиёд мебошад. Ман, пеш аз ҳама адабиёти ғанӣ, сару либоси миллӣ, санъати баланди мусиқӣ, Шашмақому Фалак ва рақсҳои бисёр зебоямонро дар назар дорам.

Зимни мусоҳиба бо рўзноманигорон, ки бештари саволҳояшон марбут ба театр буд, гуфтам, ки театри тоҷик воқеан дар замони Истиқлолият хеле пеш рафтааст. Театрҳо қаблан аз ҷиҳати техникӣ ва шароит вазъи хуб надоштанд. Ҳоло онҳо аз ин ҷиҳат рушд мекунанд. Дар баробари ин, театрҳои нав бунёд меёбанд. Масалан, театри ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қўрғонтеппа ва театри ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт аз ҷумлаи театрҳое мебошанд, ки дар солҳои охир бунёд шудаанд. Дар пойтахтамон ҳоло сохтмони Театри миллӣ идома дорад. Умедворем, ки он яке аз театрҳои бузургтарини Осиёи Марказӣ ва шояд қаламрави собиқ шўравӣ хоҳад шуд.

Бино, ороишоти техникӣ ва таҷҳизоти корӣ чизҳои зоҳирии театр ҳастанд. Муҳимтар аз ҳама дар театр ҳунари актёр, коргардон ва драматургия аст. Аз ин ҷиҳат мо пешравиҳои назаррасро шоҳидем. Аён аст, ки театри тоҷик симои миллии худро пайдо карда истодааст. Барои равшантар шудани симои миллии театр бештар ба драматургияи миллӣ рў овардан лозим аст. Бисёр хуб аст, ки имрўз асарҳои драматургони муосирамон ҳарчи бештар ба саҳна роҳ ёфта истодаанд. Хурсандии дигар аз он аст, ки дар тамоми театрҳои мамлакат ҷавонон фаъолияти бисёр хуб доранд. Аслан бори театр имрўз ба дўши ҷавонон аст. Бинобар ин, гумон мекунам, ки кор дар театрҳо ба тарзи дилхоҳ ҷараён дорад ва бовар ҳаст, ки дар наздиктарин солҳо натиҷаҳои хуб ба бор меорад, яъне ҳунари мо ба таври шоиста муаррифӣ хоҳад шуд.

Мусоҳиб Т. Халилӣ