Ташаккули раванди фаъолияти аҳли эҷод, инкишофи намунаҳои гуногуни мусиқии касбии тоҷик, ҳифзи анъанаҳои беҳтарини мактаби композиторӣ ва мусиқишиносии тоҷик яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Иттифоқи композиторони Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани мақоми мусиқии касбии тоҷик дар ҷомеаи муосир, рушди мукаммали тафаккури бадеиву маънавии аҳли ҷомеа тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуда, дар ин радиф беҳтарин анъанаҳои мактаби композиторӣ ва мусиқишиносии тоҷикро эҳё намуда истодаанд.
Зимнан, дар радифи эҷоди асарҳои муосири миллӣ, таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаҳои мусоидат дар ташаккули муҳити муосири фарҳангӣ, хусусиятҳои мусиқӣ ҳамчун арзиши зебоипарастӣ дода мешавад.
Дар ин замина, баргузории нахустнамоиши операи «Хусрав ва Ширин» - и композитор Амирбек Мўсоев (либреттои Гулназар Келдӣ) аз рўи достони ҳамноми Низомии Ганҷавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯйдоди наве дар фазои фарҳангии мамлакат гардид.
Аз номи аҳли эҷод композитор Амирбек Мусоевро бо нахустнамоиши операи «Хусрав ва Ширин» табрик менамоем.
Хуршед Низомов,
Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон