Сомонаи пешина | Дш, 19 Феврал 2018 | 01:02
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили 80-солагии Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский

 

Дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ маросими ботантанаи таҷлили 80-солагии Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский баргузор гардид.

Дар ин чорабинии бошукӯҳ муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб  номаи табрикотии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзодаро ба ҳозирин қироат намуд, ки дар он фаъолияти эҷодиву ҳунарии ҳунарпешаҳои театри мазкур тӯли ин даврон баҳои баланд гирифтааст.

Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Росия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Игор Лякин-Фролов ҳамчунин дар бораи саҳми беназири театр дар ривоҷу равнақи санъати касбии театрӣ дар кишвар, тарғибу ташвиқи драматургияи классикию муосири рус ва таҳкими густариши муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳои Россия ва Тоҷикистон зикр намуд.

Барномаи фарҳангии таҳиянамудаи ҳунарпешаҳои театр аз гулчини намоишҳои таи солҳои охир таҳиягардида иборат буда, бо истеъдоду маҳорати баланд иҷро гардид. Тамошобинон бори дигар порчаҳоро аз намоишҳои «Се хоҳарон», «Рустам ва Сӯҳроб», «Панҷ зани афандӣ», «Марвориди шабчароғ», «Ишқи парӣ» ва ғайраҳо тамошо карда, аз маҳорати нақшофарию рақсу суруди дилчасп ҳаловати беандоза бурданд.

Табрикоти ҳаммаслакони театр аз ҷониби ҳунарварони театрҳои Лоҳутӣ, Ҷавонон, Аҳорун ва ғайра ба ин маҳфил шукуҳу шаҳомати хоса зам намуданд.