Сомонаи пешина | Шб, 20 Январ 2018 | 03:01

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дастовардҳои навбатии «Шабе дур аз Ватан»

 

Чуноне ки чанде пеш иттилоъ дода будем, намоиши Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов «Шабе дур аз Ватан » барои иштирок дар Ҷашнвораи VIII– уми байналмилалии театрҳои миллӣ «Сцена без границ» (Саҳна бидуни сарҳад) дар Ҷумҳурии Осетияи Шимолии Федератсияи Россия (Саҳна бидуни сарҳад) даъват шуда буд.

Дар доираи сафари худ, ки аз 19 то 27 ноябри соли 2017 идома дошт, ҳайати ҳунармандони театр бо намоиши «Шабе дур аз Ватан» дар ду ҷашнвораи байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Рӯзи 20 ноябр намоиши мазкур ба меҳмонон ва иштирокчиёни ҷашнвораи байналмилалии «Южная сцена» дар шаҳри Начлики Қабардину Болқар пешкаш карда шуд ва сазовори дипломи ҷашнвора, дипломҳо барои «Беҳтарин кори режиссерӣ», «Беҳтарин нақши мардона» ва «Беҳтарин нақши дуюмдараҷаи занона» гардид.

Санаи 22 ноябр намоиши театри ҷавонон дар ҷашнвораи «Сцена без границ» иштирок карда, дар байни 15 намоиш аз кишварҳои мухталиф сазовори баҳои баланди ҳирфаӣ гардид. Ба коллективи театр диплом  барои иштирок дар ҷашнвора, диплом барои иҷрои беҳтарин «Нақши мардона», ифтихорнома ба коргардони намоиш, Ифтихорномаи фахрӣ ба аҳли театр барои саҳми арзанда дар рушди муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон супорида шуд.

Намоиши «Шабе дур аз Ватан» бардошт аз зиндагиномаи Бозор Собир буда, онро коргардон Нозим Меликов рӯи саҳна овардааст. Дар намоиш нақши асосиро ҳунарпеша Абдумумин Шарифӣ, нақшҳои дигарро Моҳпайкар Ёрова ва Суҳроб Ҷанҷолов иҷро кардаанд.