Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 14:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» Амр ба имзо расониданд.

Дар асоси Амри мазкур Раиси шаҳри Душанбе бояд барои ба боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» иваз намудани номи боғи «50-солагии ҷавонон», воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе, ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод манзур намояд.

Тибқи дастури дигари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин боғ пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гузошта мешаванд.

Ба хотири дар амал татбиқ кардани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таҳияи лоиҳаи муҷассамаҳои мутафаккирони номбурда озмун эълон менамояд.

Мавриди зикри хос аст, ки ин тадбири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун хислати накуи башардӯстӣ, сулҳпарварӣ ва мусоидат ба таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстӣ ба хотири гиромидошти фарзандони баруманди ду миллати дӯсту ҳамсоя — Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ ва қадршиносии онҳо баҳри саҳмгузорӣ дар пойдории дӯстии халқҳои тоҷрику ӯзбек амалӣ мегардад.

АМИТ «Ховар»