Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 03:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Фарҳанг, забон ва анъанаву суннатҳои нек асолати миллиро пойдору устувор нигоҳ медоранд

 

Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об — 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз мегардад.


Дар марҳалаи кунунӣ бояд ба фаъолияти давлати мо дар самти густариши ҳамкориҳои башариву фарҳангӣ бо мамлакатҳои дунё боз ҳам вусъат бахшида шавад.

Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст.

Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд.

Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад.

Дар ин раванд, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монад.

Бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад.

Тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои глобалии асри XXI табдил ёфта, талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслҳое, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навин дар даврони соҳибистиқлолии миллати тоҷик ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд, торафт меафзояд.

Дар ин марҳалаи муҳим мақсаду вазифаҳои фарҳанг бештар ба масъалаҳои ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, инчунин, дар тафаккури мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ равона мегардад.

Аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар даҳ соли охир Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллӣ бунёд гардида, бинои аксари театрҳои касбӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ дар мамлакат, аз ҷумла ду театри академӣ дар шаҳри Душанбе аз таъмири асосӣ бароварда, дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат беш аз 20 театр ва қасру марказҳои муосиру муҷаҳҳази фарҳангӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Барои тайёр кардани кадрҳои соҳаи фарҳанг ду муассисаи таҳсилоти олии касбӣ – Консерваторияи миллӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн таъсис дода, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода пурра аз таъмири асосӣ бароварда, оркестри мукаммали симфонӣ иборат аз 120 нафар ташкил карда шуд.

Дар баробари ин, дар хориҷи кишвар садҳо нафар мутахассисони соҳаи фарҳанг тарбия ёфта, иддае аз онҳо аллакай дар театрҳои касбӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ фаъолият карда истодаанд.

Бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам нарасидани кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг мушоҳида мешавад.


Аз ин рӯ, Вазорати фарҳанг вазифадор аст, ки дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018-2022” мушкилоти ҷойдоштаро бартараф намояд.

Ҳамчунин, моро зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхонаҳо, театрҳо ва марказҳои фарҳангиро беҳтар гардонем, аҳли ҷомеаро ба ин муассисаҳо ҳарчи бештар ҷалб кунем ва бо ин роҳ ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози миллат ва рушди фарҳанги миллӣ такони ҷиддӣ бахшем.

Бо дарназардошти саҳми созандаи ҷавонон дар мамлакат мо соли 2017 — ро Соли ҷавонон эълон намудем.
Ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас бозид.

Ташаббуси мазкур, инчунин, барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд.

Дар ин раванд, зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд.

Дар баробари ин, барои тарғиби васеи моҳияти истиқлолият ва озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва арзишҳои неки миллӣ тамоми зиёиёни мамлакат, олимону донишмандон, ҷавонону занон, роҳбарони муассисаҳои илмиву фарҳангӣ, аз ҷумла Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо, Кумитаи телевизион ва радио саҳм гирифта, ин арзишҳои муқаддаси миллиро ба таври васеъ инъикос кунанд, дар тафаккур ва андешаи ҳар як сокини кишвар, бахусус, наврасону ҷавонони мамлакат мазмун ва моҳияти соҳибистиқлоливу озодиро ҳарчи бештар ҷой намоянд.

Ман ба қудрати созандаи халқи азизам итминони комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо бо заҳмату фаъолияти аҳлонаи худ дар ояндаи наздик мушкилотеро, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлатамон вуҷуд доранд, бартараф мекунем ва барои мардумамон шароити зиндагии боз ҳам беҳтару сазовор муҳайё месозем.