Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 08:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Армуғони хислат

Воқеан ҳам, китоб сарчашмаи дониш, аниси кунҷи танҳоӣ, омили асосии ташаккули инсони фарҳангӣ, дӯсти беғараз ва равшангари роҳи имрӯзу фардои ҳар як шахс ва халқияту миллатҳо ба ҳисоб меравад. Ҳар шахси соҳибфарҳанг ва оқилу доно яқим медонад, ки сарчашмаи муваффақиятҳояш хондану омӯхтан ба ҳисоб рафта, дар ҷаҳони муосир калиди пешравиҳо ва рушди тараққиёти давлатҳои алоҳида, ташаккули иқтисодиёти ба дониш асосёфта мебошад. Аз ин рӯ мо бояд дарк намоем, ки хондани китобу муроҷиат ба сарчашмаҳои гуногуни дониш шарти асосии ташаккули ҷомеаи тамаддунсоз ба ҳисоб меравад.

Хушбахтона дар ҷомеаи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол барои хондани китоб ва муроҷиат ба сарчашмаҳои дониш шароит мусоид фароҳам оварда шудааст. Яке аз китоби нодире, ки дар маъхази Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” маҳфуз аст дастхати “Армуғони хислат” аст, ки муаллифаш Мулло Яҳёхон Ҳофиз ибни Муҳаммад Мулло Сайид Ҳайбатуллохоҷа буда, аз ҷониби Сироҷиддин Маҳдум Шавкати Искандарӣ ибни Домулло Мирзоҳиди Охунд ба қалам омадааст. Навъи асар адабӣ буда, бо забони форсӣ навишта шудааст. Асар аз 236 саҳ. иборат буда, соли 1911 мелодӣ ба табъ расидааст. Китоб дар шакли баёзест вале аз он ки дар нусха пораҳои наслӣ дида мешавад. Муаллифи байтҳо дар китоб муайян нест, вале дар навиште, ки дар рӯи варақаи китоб омадааст, ҷамъоварандаи он Хислат будааст. Дар китоб, махсусан қисмати поёни он ашъори худи Хислат дида мешавад. Байт дар нусха ба амудӣ навишта шуда, дар ҳошияи китоб байт бо қалам сабт гардидааст. Зоҳиран соҳиби пешинаи китоб байте дар пайравии аз Хислат ҷамъоварӣ кардааст. Китоб дар матбааи Ғуломи Тошканд ба табъ расида, хатташ настаълиқ мебошад.

Бояд гуфт, ки китобхонӣ ва оммавӣ гардонидани омили муҳимтарини рушди сармояи инсонӣ ба ҳисоб рафта, бе китоб ҳаёт беранг ва нутқ заиф мегардад.

Мавҷуда Бойматова
Корманди илмии МД
МФТ “Қалъаи Хуҷанд”