Сомонаи пешина | Яш, 27 Мая 2018 | 10:05
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии шаҳри Конибодом

Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии шаҳри Конибодом аз соли 1983 ҳамчун осорхонаи таърихӣ – кишваршиносӣ ба фаъолият шурўъ намудааст.
Осорхонаи дар тӯли фаъолияти 30 солаи худ зиёда аз 6500 ашёҳои таърихиро ҷамъоварӣ намудааст, ки бештари онҳо нигораҳои соҳаи мардумшиносӣ буда, ба расму ойин, анъана, тарзи либоспўшӣ, рўзгордорӣ, ҳунарҳои кандакории рўи чуб, наққошӣ, маҳсулотҳо аз чубу фулўз мебошанд, ки аз дорои ҳунару фарҳанги таърихии бойю ғанӣ будани гузаштагони мо гувоҳӣ медиҳанд.
Бояд қайд кард, ки бо саъю кўшиши сармуҳофизи осорхона Иброҳимова Муяссара аз ҷониби шаҳрванд Акрамова 13 номгў ашёҳои қадима, ба монанди хуми калон, хуми хурд, дарзмоли оҳанин, зарфи кадугин, кафлези чўбин, чилчўб, деги нишолопазӣ ва кафгири нишологирӣ, хумча, хурмаҳои дугўша ва чоргўшакдор ба тариқи ройгон вориди осорхона намуда шуд. Чархи кулолии кулолгар Зиёев Маризо низ аз фарзандаш бо акс ва ҳунари дастии кулолгар ба тариқи ройгон қабул гардидааст.
Бозёфти як нафар зодаи диёрамон - олими шинохта, таърихшинос Камол Абдуллоев мусаввараи «Манзараи бозори Канди бодом. Тасвири ҷараёни баркашидан ва кашонидани бодом» тақдим карда шуд. Миниатура аз матни «Бобурнома» - и шоир, нависанда, муаррих ҳокими Фарғона, Асосгузори сулолаи Муғулҳои Бузург дар Ҳиндустон, Зоҳириддин Муҳаммад Бобур (1483-1530) аз тарафи рассоми ҳинд Сур Дас тақрибан соли 1598 кашида шуда, нусхаи аслиаш дар осорхонаи миллии Ҳиндустон маҳфуз аст.
Ҳоло дар осорхонаи таърихии шаҳр 18 толори экспозитсионӣ: толори доимоамалкунанда, толори мусаввирон, табиат, хонаи анъанавӣ, маснуоти оҳангарӣ, сафолот, сару либос, кандакорӣ дар рўи чуб, ҳунарҳои муосири анъанавӣ, санъат, фарзонафарзандони Қанди куҳан, тиб, иштирокчиёни ҶБВ, маориф, кўлолгар Бобо Мавлонов, толори Истиқлолият ва кишоварзӣ фаъолият менамояд.
Шумораи нигораҳои осорхона феълан ба 6571 адад расидааст, ки аз ин 4981 адад нигораҳои фонди асосӣ ва 1590 адад нигораҳои фонди ёрирасонро ташкил медиҳад. Дар экспозитсияи осорхона 2060 адад нигораҳо ба намоиш гузошта шуда ва дар фонди пўшида 4511 адад нигораҳо маҳфузанд.
Шодибек Усмонов