Сомонаи пешина | Пш, 04 Март 2021 / 07:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

"Рубоиёт"-и Умар Хайём

Ҷамъ намудани китобҳои нодир барои ҳар миллате, ки таърихи бою куҳан дорад, воситаи хубест барои муроҷиати дубора ба таърих, маданият ва фарҳанги ниёгон, ки хушбахтона имрӯз яке аз рукнҳо ва пояҳои асосии сиёсати давлатдории моро ташкил медиҳад. Аммо баробари ҷамъоварӣ, масъалаи омӯзиши нусхаҳои хаттие, ки манбаи асосии шинохти масъалаҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва адабии мардуми мост, нисбатан корҳои ҷиддиро тақозо мекунад. Сарчашмаҳои асосии тоҷикон дар дарозии мавҷудияти ин миллати куҳаннасли азияткашида ба сабаби ҷангу юришҳои мутафовит ва марзҳои гуногун парешон шудаву даст ба дасту сина ба сина аз насл ба насл то имрӯз ҳифз гардида, ба қисмати ниҳоят муҳими он мавриди омӯзиш ҳам қарор гирифтааст. Яке аз ин китоби дастнависе, ки таҳти шумораи 141 дар тадрисгоҳи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ қарор дорад ин “Рубоиёт”-и Умари Хайём мебошад. Умари Хайём 18 майи соли 1048 дар Нишопур ҳозира Эрон таваллуд шудааст. Номи пурраи ӯ Ғиёссудин Абдулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишопурӣ мебошад. Хайём аз бузургтарин донишмандони худ ба ҳисоб меомад ва дорои ҳуше фавқулода буда ва ҳофизае нерӯманд доштааст. Вай дар замони давлати Салчуқиён зиндагӣ мекард, ки қаламрави ҳукумати онон аз Хуросон гирифта то Озорбойҷон ва кишварҳои Рум, Ироқ ва Яманро шомил мешуд. Аз ин рӯ Хайём дар рӯзгори мо бештар ба унвони шоир ва рубоисаро шинохта шуда, то ҳаким ва файласуф ва донишманди динӣ, ҳол он ки вай дар асри хеш ба унвони файласуф ва мунаҷҷим ва риёзидон ва фақеҳ ва олими динӣ шинохта мешуд, на ба унвони шоир, чунонки лақаби Имон, Ҳаким, Ҳуҷҷатулҳақ ва ғайра, ки дар китобҳои муосирони Хайём дар бораи ӯ ба кор рафтааст.

Асар бо забони тоҷикӣ ва хатти настаълиқкитобат шудааст. Андозаи китоб 20х12 буда, аз 172 саҳ. иборат мебошад. Оғоз: “Гӯянд, ки дар аҳди қадим Умар Хайём ва Хоҷа Низомулмулк ва Ҳасани Саббоҳ ва Муқниъ дар як мактаб мехонданд ва ҳамон вақт бо ҳам аҳд карда буданд, ки ҳар кадомро давлатеву фатҳе рӯй диҳад, дар миён бошад...”.

Мушаххасоти дигар: Нусха дар ҳолати хуб қарор дорад. Варақаҳои китоб аз варақаҳои гуногуни қоғаз иборатанд. Ибтидои ду саҳифаи китоб доир ба дӯстии Умари Хайём ва Хоҷа Низомулмулк сухан рафта, аз саҳифаи баъдӣ рубоиёти шоир оғоз меёбад. Ҳар саҳифа аз 8 сатрӣ иборат буда, саҳифаи савум дар атрофи матни асар байтҳое қайд гардидаанд, ки аз адабиёти худи шоир аст. Китоб соли 1352 ҳиҷрӣ ба табъ расидааст.

Бойматова Мавҷуда
Корманди илмии МД
МФТ “Қалъаи Хуҷанд”