Сомонаи пешина | Яш, 18 Феврал 2018 | 00:02
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Осорхонаи ба номи А. Рӯдакӣ 25-солагии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид

 16 ноябри соли 2017 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуривии таърихию кишваршиносии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ” дар шаҳри Панҷакент ба ифтихори таҷлили 25-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Президент силсилачорабиниҳои мухталиф гузаронида шуданд.

 

 

Яке аз чунин чорабиниҳо баргузории мизи мудаввар дар мавзўи “Меъмори сулҳу ваҳдат” бо иштироки донишҷўёни литсеи касбӣ-техникии № 36, Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон буд, ки дар он вакилони Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ Бораҷаб Бобоев ва Шириншоҳ Шафоатов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бахшида ба ҷашнвораҳои мазкур дар рўзномаи “Ҳақиқати Суғд” № 125 аз 24.10.2017 мақолаҳои мушовири музейҳои мактабӣ ва ҷамъиятии Осорхона Турсунова Ш. “Дар заминаи арҷгузорӣ”, “Иҷлосия дар аксҳо” дар рўзномаи “Зарафшон” аз 15.11.2017., инчунин мақолаи кормандии илмии Осорхона Зоирова Н. “Нақши Иҷлосияи сарнавиштсоз дар тақдири ман” рўзномаи “Ҳақиқати Суѓд” № 134 аз 14.11.2017 чоп шуданд.

Дар толори Истиқлоли Осорхона гўшаҳо оиди таърихи Иҷлосияи XVI Шўрои олӣ, фаъолият ва асарҳои Президент, таърихи Парчам, инчунин намоиши идонаи ҳунарҳои мардумӣ: кандакорӣ қуроқдўзӣ, кулолгарӣ, сабадбофӣ, гулдўзӣ ба маъраз гузошта шуданд. Ҳамзамон дар ҷамоатҳои деҳоти Сўҷина, Ёрӣ, Хурмӣ, Халифа Ҳасан намоишҳои сайёр аз ҳисоби ашёи осорхонавии хазинаи Осорхона иборат аз зарфҳои сафолӣ, мисин, чўбӣ, либосҳои миллии мардона, занонаи муталиқи асри XIX гузаронида шуданд. Дар рафти намоишҳои сайёр дар МТМУ № 34, 29, 1 сўҳбатҳо таҳти унвони “Иҷлосияи сарнавиштсоз” низ гузаронида шуданд.

Инчунин дар толорҳои Осорхона бо хонандагони МТМУ №30, 15, 3, 71-и шаҳри Панҷакент сайрҳои илмӣ гузаронида шуданд ва дар даромадгоҳи Осорхона намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида, сўҳбатҳо дар мавзўи “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат ” баргузор гардиданд.