Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 08:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Иштироки Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Санкт-Петербург

Deti-Sodruzhestva-1Дар Қасри Таврический-қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзи 21 июни соли ҷорӣ Форуми байналмилалии фарҳангӣ ва маърифатии кишварҳои узви ИДМ «Кӯдакони Иттиҳод» ифтитоҳ гаардид. Чорабиниро Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Маъмурияти Санкт-Петербург ташкил шуда, бо қарори Шӯрои АБИ ИДМ Санкт-Петербург имсол бори аввал мизбони кӯдакони Иттиҳод хоҳад буд, дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар форум 60 намояндаи кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок мекунанд. Иштирокчиён аз истеҳкоми Наришкин дар Қалъаи Петропавловск гулӯлаи Нисфирӯзиро аз тӯп парронданд ва пас аз он дар толори Думаи Қасри Таврический дар маросими тантанавӣ ба ифтихори оғози форум ҷамъ омаданд.

Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ба иштирокчиёни чорабинӣ паёми видеоӣ ирсол кард ва кӯдакони Иттиҳодро дар Санкт-Петербург самимона табрик намуд.

«Дар ин рӯзҳои олиҷаноби тобистон ва шабҳои сафед шумо бо пойтахти зебои Шимолӣ ва атрофи шаҳр ва албатта, бо ҳамдигар шинос мешавед, дар бораи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бисёр чизҳои нав ва ҷолибро мефаҳмед. Шумо ба ҳамсолонатон дар бораи мероси ғании халқҳоятон нақл мекунед ва боварӣ ҳосил хоҳед кард, ки Иттиҳоди мо-ҷаҳон яклухт-бузург, гуногун аст ва хотироти муштараки таърихӣ ва фарҳангӣ онро муттаҳид намудааст».

Самти асосии фаъолияти форум мероси фарҳангӣ гардид, чунки соли равон дар ИДМ Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ эълон шудааст. Пойтахти фарҳангии ИДМ шаҳри Душанбе эълом шудааст. Ҳайатҳо ёдгориҳои мероси фарҳангии кишварҳояшонро, ки таваҷҷуҳи ЮНЕСКО -ро тақозо мекунанд, муаррифӣ карданд. Дар форум масъалаи таъсиси созмони кӯдаконаи ЮНЕСКО дар доираи Иттиҳод баррасӣ мешавад, хабар додааст, хадамоти матбуоти АБИ ИДМ ба АМИТ “Ховар”.

Форум имсол бори аввал дар Санкт-Петербург доир мешавад ва аз 20 то 29 июн идома хоҳад ёфт. Дар доираи форум, теъдоди зиёди чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ, аз ҷумла дарсҳои маҳорат, муаррифии либосҳои миллӣ, иқдомоти экологӣ, флешмобҳои рақсӣ ва сурудхонӣ дар атрофи гулхан баргузор хоҳанд шуд. Рӯйдодҳои асосӣ дар заминаи маҷмааи солимгардонии кӯдакон «Буревестник» баргузор мешаванд. Илова бар ин, иштирокчиёни форум аз ҷойҳои муҳими таърихии Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград боздид хоҳанд кард.