Сомонаи пешина | Яш, 21 Октябр 2018 | 03:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Рассоми ҷавон аз шаҳри Хуҷанд соҳиби дипломи Намоиши байналхалқии Лидисе гардид

 

Хонандаи Мактаби рассомии шаҳри Хуҷанд Нигина Азимова соҳиби дипломи Намоиши байналхалқии “Лидисе - 2017” гардид.

Муовини Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Михаэла Поспишилова зимни сафари худ ба шаҳри Хуҷанд ба мактаби мазкур ташриф оварда, шахсан ба Нигина Азимова диплом ва тӯҳфаҳои намоишро супорид.

Ба Мактаби рассомии шаҳри Хуҷанд низ китобҳои гуногуни шавқовар, фитаҳо ва дастурамалҳо туҳфа гардид.

Хонум Михаэла Поспишилова инчунин аз корҳои эҷодии дастпарварони мактаб дидан намуда, ба ҳунару истеъдоди онҳо офарин хонд.

Дар Намоиши байналхалқии “Ледисе – 2017”, ки моҳҳои июн-ноябри соли 2017 дар Ҷумҳурии Чехия баргузор гардида буд, амалҳои 25 ҳазор кӯдакону наврасон аз 83 кишвари ҷаҳон ба намоиш гузошта шуданд.

Нигина Азимова байни 9 нафар ҳамсабақонаш, ки довталаби иштирок дар намоиш буданд, бо интихоби доварони кумитаи тадорукоти намоишгоҳ иштирокчии ин чорабинии машҳури байналхалқӣ гардид.

Дар Намоиши байналхалқии “Ледисе – 2017” амали рассомии Нигина 15-сола таҳти унвони “Диёри ман” манзури тамошобинон гардонида шуда буд.

Боиси зикр аст, ки Нигина дар баробари Мактаби рассомии шаҳри Хуҷанд дар МТМУ №19-и шаҳри Хуҷанд таҳсил мекунад. Соли 2016 мусаввараи Нигина дар Озмуни байналхалқии “Дети рисуют мир” дар мавзӯи “Дружба детей на планете” иштирок карда, сазовори дипломи ҷои сеюми озмун гардида буд.