Хонандаи Мактаби хусусии Пулодови шаҳри Хуҷанд Фарзона Назарова дар Фестивал-озмуни байналхалқии эҷодиёти кӯдакону наврасон «Садбарги Шарқ» («Роза Востока»), ки аз 4 то 8 майи соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, дар жанри вокал иштирок намуда, байни қариб 1000 иштирокчӣ сазовори ҷои сеюм гардид.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии мазкур инчунин хонандаи Мактаби хонандагони болаёқати шаҳри Хучанд Сарвиноз Ҳамдамова,
донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Хофизи шаҳри Хуҷанд Шерзод Абдуллозода, донишҷӯи факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Фирдавс Сангинов ва гурӯҳи рақсии «Новая Эра» аз шаҳри Душанбе иштирок намуда, соҳиби дипломи Фестивал-озмун гардиданд.
Дар Фестивал-озмуни байналхалқии эҷодиёти кӯдакону наврасон «Садбарги Шарқ» наздики 1000 нафар намояндагони давлатхои Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Арманистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон ва Ӯзбекистон дар жанрҳои вокал ва хореография дар гурӯҳи синнусолии 4-17 сола ва 18-28 сола қувваозмоӣ намуданд.