Сомонаи пешина | Шб, 20 Январ 2018 | 04:01

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ба ҷаласаи навбатии Юнеско барои баррасӣ «Фалак» пешниҳод шуд

 

Аз 4 то 9 декабри соли 2017 дар ҷазираи Чеджудо ҷаласаи Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ баргузор мегардад. Иштирокчиёни ҷаласа 34 дархостҳои навро оид ба ворид намудан ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии умумибашарии Юнеско дида мебароянд. Дар ин бора маркази иттилоотии СММ хабар медиҳад.
Дар номгӯи дархостҳое, ки дар ҷаласаи мазкур баррасӣ мешавад, дар радифи дархостҳо аз кишварҳои гуногун аз Тоҷикистон мусиқии миллии тоҷикӣ «Фалак» пешниҳод гардидааст. Аз Арманистон рақси гурӯҳии мардона «Рочарӣ», аз Озорбойҷон хӯроки миллии «Дӯлма» ва тарзи таҳияи он, аз Қазоқистон бозии миллии «Асык» ва аз Қирғизистон бозии фолклории аспдавонӣ низ ба номгӯи дархостҳои баррасишаванда шомиланд. Туркманистон дархост кардааст, ки рақси деринаи «Куштдепди» дар ҷаласа баррасӣ гардад.