Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 07:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шаҳри бостонии Саразм – ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО

22.06.21.20Шаҳри бостонии Саразм дар вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, ҷ/д Саразм, деҳаҳои Соҳибназар, Авазалӣ ва Раҷабалӣ ҷойгир мебошад.

Ёдгории таърихию фарҳангии шаҳри Саразм соли 2018, №1, саҳифаи 84 ба Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст.

Ҳанӯз аз солҳои 2002 инҷониб парвандаи номинатсионии Шаҳраки Саразм ба ЮНЕСКО барои ворид гардидан ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонӣ пешниҳод гардида, то соли 2010 парвандаи мазкур мукаммал карда шуда, хушбахтона соли 2010 бо ташаббусҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори соҳавӣ ба Феҳристи асосии мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ҳамчун объекти таърихӣ–фарҳангӣ ворид гардид.

Ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ 12 сентябри соли 2020 дар сатҳи байналмиллалӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса ва бо иштироки намояндагони кишварҳои ҷаҳон ва намояндагони ЮНЕСКО таҷлил карда шуд.

Шаҳри қадимаи Саразм мансуб ба аҳди биринҷӣ буда, яке аз намунаҳои олии шаҳрсозӣ ва шаҳрдории тоҷикон ба шумор рафта, бар он далолат мекунад, ки тоҷикон аз зумраи аввалин қавму миллатҳое мебошанд, ки санъати шаҳрсозиву шаҳрдориро ба вуҷуд овардаанд. Шаҳр ҳудуди 100 гектарро дар бар мегирад. Аввалин бозёфти Саразм табари биринҷӣ мебошад, ки онро сокини маҳаллӣ Ашурбой Тайлонов ба таври тасодуфӣ пайдо намудааст. Ин бозёфти ҷолиб, яъне табари биринҷӣ бостоншиносонро водор намуд, ки дар ин мавзеъ корҳои ҳафриётиро мунтазам ба роҳ монанд. Дар натиҷаи ин ҳафриёт ва ковишҳои археологӣ, ки то имрӯз идома доранд, аз ин шаҳраки бостонӣ, бозёфтҳои наву ҷолиб ба даст омаданд, ки аз ҳаёти иқтисодӣ ва мадании ниёгони тоҷик дар ҳазораи IV ва II т.м. маълумоти саҳеҳ медиҳанд.

Ҳафриётҳо дар Саразм нишон доданд, ки дар ин ҷо ҳам биноҳои маъмуриву мазҳабӣ ва ҳам биноҳи истиқоматӣ мавҷуд будаанд. Рустаҳои ҳунармандон бошанд бо кӯчаҳо, ки бархеашон сангфарш гардидаанд, аз ҳамдигар ҷудо мешуданд. Чунончӣ яке аз бостоншиносон, ки дар ҳафриётҳои Саразм фаъолият намудааст, чунин менигорад, ки “Биноҳои истиқоматӣ дар самти шимолу ғарбӣ ва биноҳои маъмурӣ дар самти ҷанубу шарқии ёдгорӣ ҷой гирифтаанд. Растаҳои ҳунармандон бошанд дар шафати биноҳои маъмурӣ ва кӯчаҳои марказӣ ҷой гирифтаанд. Тарҳи биноҳои истиқоматӣ аз биноҳои маъмурию ҷамъиятӣ ба куллӣ фарқ мекунанд”. Аз ин метавон ба таври қатъӣ гуфт, ки шаҳри Саразм аз рӯи нақшаи пешакӣ, аз ҷониби меъморони хушсалиқа эъмор гардидааст.

Нахусткашшофи Саразм Абдуллоҷон Исҳоқов чунин қайд кардааст: «Кашфиётҳои бостоншиноси Фаронса Анри-Пол Франкфорт дар Шeртутай, бозёфтҳои олими Шуравӣ В.И. Сарианиди дар Дашлии Афғонистон, А. Аскаров дар Сафолтеппаи назди Шеробод, Б. Литвинский, П. Пянкова, Х. Муҳиддинов, В. Соловёв дар водиҳои Вахшу Ҳисор, А. Беленитский, Б. Маршак, В. Распопова, Ю. Ёқубов, Я. Ғуломов, А. Аскаров, У. Исломов дар водии Зарафшон ибтидои тамаддуни мардуми Суғду Бохтарро ба ҳазорсолаҳои III-II пеш аз милод баробар мекарданд. Пас чӣ тавр ба хулоса наоем, ки сарзамини ниёгонамон то забткориҳои юнониён яке аз кишварҳои ободу тараққикардаи Мовароуннаҳри Осиёи Миёна буд?! Агар Мовароуннаҳр обод намебуд, Искандарро чӣ зарурият буд забти ин сарзамин?!"».

Аз таҳлил ва таҳқиқотҳои бостоншиносон бармеояд, ки тоҷикон яке аз аввалин бавуҷудоварандагони шаҳрҳо ва дорои санъати тибқи нақшаи пешакӣ бунёд кардани шаҳрҳо мебошанд. Далели бечуну чаро ин шаҳри бостонии Саразм мебошад.

Таҳияи Мирзошариф Абдусаломов,
Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таъриию фарҳангии Вазорати фарҳанг,
Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО