Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 07:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ёдгориҳои таърихӣ ва мавъеҳои фарҳангию саёҳии Тоҷикистон

Золи-Зар яке аз ёдгориҳои нодири ибтидои асри миёна буда, 17 км шимолтари Фархор ҷойгир мебошад. Ҳудуди шаҳрак 120 гектарро ташкил дода, дар ин ҳудуд дуқабати маданӣ – шаҳраки антиқа ва шаҳраки ибтидоии асри миёна ҷойгир мебошанд. Бахши қадима дар қисмати шимолии ёдгорӣ ҷой гирифта, то имрӯз ба қабристон табдил ёфтааст.
11.08.2021 10:09 243

Шаҳри бостонии Саразм дар вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, ҷ/д Саразм, деҳаҳои Соҳибназар, Авазалӣ ва Раҷабалӣ ҷойгир мебошад. Ёдгории таърихию фарҳангии шаҳри Саразм соли 2018, №1, саҳифаи 84 ба Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст. Ҳанӯз аз солҳои 2002 инҷониб парвандаи номинатсионии Шаҳраки Саразм ба ЮНЕСКО барои ворид
22.06.2021 16:01 373

Табиати Бадахшонзамин мардуми хориҷро мафтун месозад, вале барои мо зодагони ин макон омили ин мафтунӣ ноаён аст. Шояд муҳите, ки мо дар бараш ба воя расидаем, бароямон муқаррарӣ бошад, вале агар амиқтар андеша кунем, ин эҳсосот дар мо низ ниҳон аст, танҳо омили онро баён карда наметавонем, зеро он баённопазир
04.05.2021 14:05 503

Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассиса, ташкилоти ибтидоии ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» созмон дода шуд. Ин шаҳодати он аст, ки китобхона баҳри ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии мамлакати азизамон пайваста чораҳои зарурӣ меандешанд. Вобаста ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ
02.03.2021 11:13 686

Мадрасаи Ойим, ки нахустин маркази илмию таълимӣ барои занону духтарон дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ҳамчун ёдгории аҳамияти ҷумҳуриявидошта ба қайд гирифта шуда, соли 2015 аз ҷониби ЮНЕСКО ба рӯйхати силсилаи ёдгориҳои таърихию меъмории ҳавзаи Сирдарё шомил гардидааст. Мадрасаи Ойим ёдгории таърихии меъмории чоряки якуми асри XIX ба ҳисоб меравад.
27.01.2021 12:36 604

  Миллати кӯҳанбунёди тоҷик ҷузъи таркибӣ ва созандаи таъриху фарҳанги волои башарӣ мебошад. Ёдгориҳои мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ин миллати қадим пайвандгари ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгони мо буда, дар маҷмуъ онҳо саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи ин миллати бузургро ба ҳам мепайванданд. Шоистаи зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои
17.04.2020 10:13 1362

Хонаи Эргашбойбача намунае аз таърихи санъати меъмории биносозии хуҷандиён мебошад. Ин санъати меъмории нотакрор дар маркази шаҳри Хуҷанд дар қисми шимолии бозори машҳури Панҷшанбе дар кӯчаи Содирхон Ҳофиз №87 воқеъ аст. Сохтмони бино ба охири асри XIX ва чоряки аввали асри ХХ мутааллиқ аст. Эргашбойбача худ тоҷири машҳури хушкмеваҳо буда, ӯ
15.04.2020 09:44 891

  Исбот гардидааст, ки ҳунари ороишии инсон аз оғози таърих пайдо шудааст. Одами бараҳнаи замони полеолитию мезолитӣ 40-10 ҳазор сол қабл аз замони мо он чизе, ки ба назараш зебо менамуд шаддаҳои марҷон сохта ба дасту гардан меовехт. Он ороишот аз гӯшмоҳичаҳои баҳрӣ, дандонаҳои хуку хирс, сангҳои хушнамуди кӯҳӣ ва дарёӣ,
13.02.2020 06:01 1071

Шаҳраки Тахти Сангин дар соҳили рости Амударё, поёнтар аз маҳалли ҳамроҳшавии дарёҳои Панҷ ва Вахш, дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон воқеъ мебошад. Тахти сангин ба номгӯи Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО аз ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз соли 2011 пешниҳод гардидааст. Шаҳраки Тахти сангин ба асрҳои IV то мелод – III мелодӣ мансуб
15.01.2020 05:32 1090