Сомонаи пешина | Чш, 16 Октябр 2019 | 13:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Давлатзода Музаффар Салим

 

Давлатзода Музаффар Салим
муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Давлатзода Музаффар Салим 1 майи соли 1970 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, cоли 1994 Институти давлатии педагогии Кӯлобро бо ихтисоси омӯзгори математика ва информатика ва соли 2010 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1995 ба ҳайси директори Маркази тиҷоратии «Сафар Маркет» шурӯъ намуда, солҳои 1997-2000 дар вазифаи менеҷери Ҷамъияти саҳомии шакли пушидаи «Тоҷиккоминвест» ва давоми солҳои 2001-2007 корманди Маркази маълумотдиҳӣ ва корманди масъули Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Солҳои 2010-2011 дар мансабҳои мутахассиси пешбар ва баъдан ба ҳайси сармутахассиси Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2011-2014 сармутахассиси шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз соли 2014 то 15-уми марти 2017 дар мансаби сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Мушовири хизмати давлатии дараҷаи 2. 

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2017 дар вазифаи муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.