Сомонаи пешина | Шб, 20 Июл 2019 | 17:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Назариён Обид Одилзода

Назариён Обид Одилзода
муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Назариён Обид Одилзода 27-уми июли соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Дар мактаби миёнаи №9-и шаҳри Хуҷанд солҳои 1971-1981 таҳсил намудааст. Соли 1981 пас аз хатми мактаби миёна ба Донишкадаи давлатии санъати РСС Тоҷикистон дохил шуда, соли 1985 ҳамчун актёри драма ва кино хатм менамояд.

Фаъолияти меҳнатияшро соли 1985 дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Хуҷанд ба ҳайси актёри театр оғоз намуда, соли 1999 ба вазифаи директори театр таъин мешавад.

Солҳои 2004-2005 тариқи гузариш ба вазифаи сархормейстери Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи К. Хуҷандӣ таъин гардидааст.

Солҳои 2005-2007 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба ҳайси омӯзгор дар кафедраи маҳорати актёрӣ ва нутқи саҳна кор ва фаъолият кардааст.

Солҳои 2007-2017 ба ҳайси сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғдро иҷрои вазифа мекунад.

Солҳои 2014-2016 дар вазифаи директори Муассисаи давлатии вилоятии Кохи фарҳанги ба номи А. Рӯдакӣ кору фаъолияташонро идома медиҳад.

Аз апрели соли 2016 то январи 2017 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Солҳои 2017-2019 дар вазифаи сардори Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2019 №62 ба вазифаи муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд.