Сомонаи пешина | Пш, 21 Ноябр 2019 | 05:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

 

Шуъбаи қадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Низомномаи шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, вазъи ҳуқуқӣ, ташкилӣ, сохтор, функсия, вазифа, тартиби фаъолияти шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати фарҳангро муайян намуда, масъалаҳои умумиро вобаста ба фаъолияти шуъба ба танзим медарорад.

Шуъба дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, кодексҳо, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №604, қарорҳои ҳайати мушовараи вазорат, инчунин низомномаи мазкурро ба асос ва роҳбарӣ мегирад.


Вазифаҳои асосии шуъба:
- таҳия ва омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, фармоишҳо, амру супоришҳои вазири фарҳанг оид ба масъалаҳои кадрӣ;
- таҳлили вазъи таъмини кадрӣ дар сохторҳои вазорат ва иҷрои қарорҳои ҳайати мушовараи вазорат доир ба масъалаҳои дахлдор;
- таъмини риояи талаботҳои меъёрии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муносибатҳои меҳнатӣ дар дастгоҳи марказӣ ва муассисаву ташкилоҳои зертобеи вазорат;
- таъмин ва риояи иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- омода намудани маводи зарурӣ тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи муҷозоти интизомӣ;
- назорати мунтазами кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат оид ба интизоми меҳнат ва тартиботи дохилӣ;
- таҳия ва омода намудани руйхати ҷадвали баргузории саривақтии аттестатсия ва баҳодиҳи оид ба натиҷаи фаъолияти хизматчиёни давлатии вазорат;
- баррасии масъалаҳои тағйир додани рутбаҳои тахассусӣ ва ҳавасмандгардонии молиявии кормандон;
- таъмин ва назорати такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои роҳбарикунандаи муассисаву ташкилотҳои системаи вазорат;
- дар доираи ваколатҳои вазорат таъмини ҳифзи маълумотҳои дорои сирри давлатӣ;
- омода ва ирсол намудани рӯйхати захираи кадрҳо ба мақомотҳои дахлдор;
- амалигардонии Низомномаи тартиби ба хизматчиёни давлатӣ додани рутбаҳои тахассусӣ - таҳлил ва омӯзиши ҳуҷҷатҳои кадрии довталабон тибқи озмун бодарназардошти интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва ҷавобгӯ будан ба талаботҳои тахассусӣ;
- таҳия ва омода намудани Низомномаи дастгоҳи марказии вазорат - тибқи муқаррарот таҳияи санадҳои зарурӣ барои сарфароз гардонидан ба мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ;
- мукамалгардонии маълумотҳои баҳисобгирӣ, делои шахсӣ ва дафтарчаи меҳнатии кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаву ташкилотҳои тобеи вазорат.
- таҳия ва ҳамоҳангсозии маводҳои кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва ташкилоту муассисаҳои тобеъ ҷиҳати сафарҳои хизматӣ;
- таҳлил ва пешниҳоди маълумотномаҳо оид ба кормандоне, ки синну солашон ба нафақа расидааст;
- таҳия ва пешниҳод намудани рӯйхати иштирокчиёни чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тибқи тартиби муқарраргардида;
- назорати иҷрои пешниҳоди ҳарсолаи эъломияи хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказии вазорат оид ба вазъи молу мулк.
- вобаста ба мансабҳои ҷойҳои кории холӣ ва бо мақсади таъмини низоми устувори интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва қобилиятнок ба хизмати давлатӣ баргузор намудани озмунҳо;
- таҳлил ва пешниҳод намудани собиқаи хизмати давлатӣ ва коэффисиенти таърифии иловапулӣ ба маоши хизматичиёни дастгоҳи марказии вазорат.
- таъмин ва назорати машғулиятҳои идоравӣ вобаста ба ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ дар дастгоҳи маркази вазорат.