Сомонаи пешина | Шб, 20 Июл 2019 | 17:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ

 

Шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷузъҳои таркибииШуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фархангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ”, “Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ“, Низомномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, вазъи ҳуқуқӣ, ташкилӣ, сохтор, функсия, вазифа, тартиби фаъолияти шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фархангиро муайян намуда, масъалаҳои умумиро вобаста ба фаъолияти шуъба ба танзим медарорад.

Шуъба дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовара, Низомномаи дастгоҳи марказии вазорат, инчунин низомномаи мазкурро ба асос ва роҳбарӣ мегирад.


Вазифаҳои шуъба инҳо мебошанд:
- таъминоти ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ;
- назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ;
- таъмини иҷрои нақшаву барнома ва консепсияҳои дахлдор;
-таҳия ва мувофиқасозии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор;
- баррасӣ намудани мактубу дархостҳои шахсони ҳуқуқӣ;
- баррасӣ намудани арзу шикоятҳои хаттию шифоҳии шаҳрвандон;
- пешбурди коргузорӣ дар шуъба. Бо мақсади иҷрои вазифаҳои пешбинишуда шуъба функсияҳои зеринро иҷро мекунад:
- таъмини баҳисобгирии давлатӣ, истифодаи мавод, асноди ибтидоӣ, баҳисобгирии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва иншоотҳои муҳити таърихӣ-шаҳрсозӣ;
- банақшагирӣ ва ташкили корҳо оид ба омӯзиш, таъмир, тармим истифода, консерватсия ва эҳёи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва тарғиби онҳо;
- танзими лоиҳакашӣ ва эъмори муҷассамаҳо, нимпайкараҳо ва лавҳаву сутунҳои ёдбуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- банақшагирӣ ва пешниҳоди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ барои ворид намудан ба рӯйхати мероси ҷаҳонӣ;
- таъмини пешбурди омории мероси таърихӣ-фарҳангӣ тибқи муқаррарот;
- тибқи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешидан барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки низоми қонунгузориро оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихиву фарҳангӣ вайрон карданд;
- муайян намудани категорияи ашёҳое, ки бо тартиби муқарраргардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуби сарватҳои фарҳангӣ мебошанд;
- тибқи қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардани қарор оид ба имконияти берун баровардан, муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳангӣ;
- ба амал баровардани бақайдгирии сарватҳои фарҳангии берун баровардашаванда ва дохил кардашаванда, инчунин муваққатан берун баровардашванда ва муваққатан дохил кардашаванда;
- таъмин намудани ташхисҳои сарватҳои фарҳангие, ки барои берун баровардан, муваққатан берун баровардан, инчунин ҳангоми баргардонидани онҳо баъди муваққатан берун баровардан;
- шаҳодатнома додан ба сарватҳои фарҳангӣ барои берун баровардан ва муваққатан берун баровардан;
- қабул кардан, ташхис гузаронидан ва муайян намудани тартиби истифодаи сарватҳои фарҳангие, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ дастгир ё мусодира шуданд;
- роҳбарӣ ба номнависии ёдгориҳои ғайриманқулии таърихиву фарҳангии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъсиси ташхиси таърихиву фарҳангии объектҳои мероси таърихиву фарҳангӣ ва амалӣ намудани фаъолияти он;
- таҳияи пешниҳод оиди ташкил ва тасдиқи Феҳристи давлатии ёдгориҳои ғайриманқули таърихиву фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ;
- таҳияи пешниҳод оиди дохил намудани ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи умумиҷаҳонии мероси фарҳангӣ;
- таъмини номнависӣ ва тарғиби ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихие, ки дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ мебошанд ва ба таърихи халқи тоҷик алоқамандии зич доранд;
- бо мақомоти дахлдори давлатии ҷумҳурӣ ва мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ мувофиқа намудани масоили таъсиси мавзеъҳои муҳофизатии объектҳои ғайриманқули мероси таърихиву фарҳангӣ, эълони минтақаҳои алоҳидаи шаҳрҳо ва дигар марказҳои аҳолинишине, ки арзиши махсуси таърихӣ, илмӣ, бадеӣ, фарҳангӣ ё ҷойҳои хотиравӣ мебошанд, ҳамчунин ҳудудҳои махсус ҳифзшаванда мамнуъгоҳи дорои аҳамияти ҷумҳурӣ;
- баргузории ташхис таърихиву фарҳангӣ ва санаду ҳуҷҷатҳои илмию тадқиқотӣ ва лоиҳавии тармими ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ; -мувофиқаи нақшаҳои генералӣ, лоиҳаҳои пурраи ободигардонӣ, барқарорнамоӣ ва сохтмонии шаҳрҳои таърихӣ ва ҷойҳои таърихии дорои аҳамияти ҷумҳурӣ;
- мувофиқаи лоиҳаи банақшагирӣ, сохтмонӣ ва эҳёи ноҳияҳову шаҳрҳо ва дигар нуқтаҳои аҳолинишине, ки ёдгориҳои таъриҳӣ, археологӣ, шаҳрсозӣ ва меъморӣ, санъати монументалии аҳамияти умумиҷаҳонӣ доранд;
- ҳамоҳанг сохтани корҳои илмию тадқиқотӣ оиди ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва арзишҳои осорхонавӣ;
- роҳбарии илмию методӣ ҷиҳати татбиқи дастовардҳои илму техника оид ба омӯзиш, бақайдгирӣ, ҳифз, истифода ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ;.
- таъсиси комиссия ҷиҳати қабули ёдгориҳои таърихиву фарҳангии сатҳи ҷумҳурӣ баъди тармим;
- ҳамоҳанг сохтани ҳамкории байналмилалӣ дар масоили омӯзиш, бақайдгирӣ, ҳифз, тармим, истифода ва тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ;
- ба органҳои ҳифзи тартибот пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати вайрон намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзу истифодаи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ҷиҳати баррасии парвандаҳои ирсолгардида;
- литсензия (иҷозатнома) додан барои мураттаб сохтани ҳуҷҷату санадҳои лоиҳавӣ – нархномавӣ, корҳои таъмиру тармимӣ ва азнавбарқароркунӣ, консерватсионӣ, ободонӣ дар ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ;
- иҷозатнома додан барои ҳафриётҳои бостоншиносӣ ва дигар корҳои таҳқиқотӣ дар ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва назорати рафти ин таҳқиқотҳо;
- ҷалби вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳои илмӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии дахлдор барои ҳифз, тармим ва истифодаи объектҳои мероси таърихиву фарҳангӣ;
- баррасӣ ва мувофиқи тартиби муайяншуда пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани унвонҳо фахрӣ, мукофотҳо, ҷоизаҳо барои кормандони давлатӣ ва ҷамъиятии мақомоти ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ;
- таъсис ва аз рӯи тартиби муайян баргузории конференсия ва маҷлисҳои ҷумҳурию байналмилалӣ дар масоили ҳифз, тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ;
- шиносоӣ бо мактубҳо, аризаҳо ва таклифҳои аҳолӣ, таҳлили мақолаҳои матбуотӣ оиди омӯзиш, бақайдгирӣ, ҳифз, истифода ва тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ.