Сомонаи пешина | Ҷм, 17 Август 2018 | 07:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

 

Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, бахши таркибии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Шуъба масъалаҳоро ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Вазорат таҳия намуда, пешниҳод менамояд. Санҷиши мустақилонаи иҷроиши қарорҳои дар ҷаласаҳои ҳайати мушовара қабулшуда оид ба таҳким ва густариши равобити дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои хориҷаи дуру наздик дар соҳаи сиёсати фарҳангӣ, гузаронидани чорабиниҳои байналмилалии фарҳангӣ, сафарбар намудани ҳайатҳои фарҳангӣ ба хориҷи кишвар, қабули ҳайатҳои фарҳангӣ ва мутахассисони хориҷиро ба роҳ мемонад. Фаъолияти шӯъба барои таъмини иҷроиши саривақтӣ ва сифатан беҳтари супоришҳо, ба таври таъҷилӣ ҳал кардани масъалаҳои ҳамкориҳои фарҳангӣ дар арсаи байналмилалӣ равона карда шудааст.

Шуъба бо ҳамаи муассисаҳо, раёсатҳо ва шӯъбаву зерсохторҳои вазорат ҳамкорӣ намуда, масоили марбут ба робитаҳои хориҷии фарҳангиро ҳаллу фасл менамояд. Шуъба моликият ва маблағгузории мустақилонаи худро надошта, дар фаъолияти рӯзмарраи худ аз моликият ва маблағҳои Вазорат истифода мебарад.

Шуъба тибқи қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорат, дастуру фармонҳои Вазир бо Вазорати корҳои хориҷӣ, сафоратхонаҳо, консулгариҳо, намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ ва дигар созмону ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон робита дошта, бо онҳо оид ба масъалаҳои фарҳангӣ ҳамкории ҳамаҷониба менамояд.


Вазифаҳои асосии Шуъба аз инҳо иборатанд:

- Тартибдиҳӣ ва таҳияи саривақтии протоколҳо, созишномаҳо, қарордодҳои ҳамкориҳои фарҳангӣ бо вазорату созмонҳо, ширкату муассисаҳо ва корхонаҳои мамлакатҳои хориҷӣ ва дохили кишвар;

- Сари вақт дида баромадани масъалаҳои ҳамкориҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ, таҳияи лоиҳаи қарорҳо ва пешниҳоди мушаххас барои баррасии минбаъда дар ҳайати мушовараи вазорат;

- Таҳия намудани маълумотномаҳо ва пешниҳодоти лозимӣ оид ба масъалаҳое, ки дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи вазорат ва дар назди Вазир баррасӣ мегарданд;

- Ҳамкорӣ бо раёсатҳо ва шӯъбаҳои Вазорат дар созмондиҳӣ ва амалисозии озмунҳои мухталиф, ҷашнвораву конфронсҳо, симпозиум ва дигар тадбирҳои байналмилалии фарҳангӣ. 3.5. Густариши робитаҳои тарафайни гуруҳҳои эҷодӣ.

- Мавриди омӯзиш ва баҳрабардорӣ қарор додани натиҷаҳои фаъолияти вобаста ба робитаҳои байналмилалии фарҳангии ташкилоту муассисаҳои тобеъи Вазорат, тайёр намудани пешниҳодоти лозимӣ оид ба беҳбудии минбаъдаи ин гунна фаъолиятҳо.

- Таъмини назорати мунтазами ичрои қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорат амру фармонҳои Вазир ба роҳбарияти Вазорат иттилоъ додани рафти иҷрои қарорҳо, амру фармонҳо ва таҳия намудани пешниҳодоти зарурӣ нисбати натиҷаҳои он; 3.8. Таҳияи саривақтии лоиҳаҳои қарорҳо, баромадҳо, ахборот ва дигар маводҳое, ки тибқи нақшаи кори ҳайати мушовараи Вазорат пешбинӣ шудаанд, коркард ва нақша ворид сохтани номгӯи масъалаҳо;

- Назорат аз болои иҷрои фикру мулоҳизаҳои танқидӣ, пешниҳодот ва дархостҳое, ки дар салоҳияти шӯъба қарор доранд ва дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Вазорат баён гардидаанд;

- Мавриди омӯзиш қарор додани он маводе, ки дар васоити ахбори умум, барномаҳои радио ва телевизион оид ба дастоварҳои фарҳангӣ ва берун аз он ба табъу нашр мерасанд ва истифодаи самараноки он дар фаъолияти кори Шуъба;

- Дар ҳамоҳангӣ бо раёсатҳо ва шуъбаҳои Вазорат баррасӣ ва таҳия намудани барномаҳои қабул ва гусели ҳайатҳои хориҷи,инчунин пешниҳодот оид ба гузаронидани мулоқотҳо ва конфронсҳо бо иштироки намояндагони олирутбаи корпусҳои дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ ва пешниҳод намудан барои тасдиқ ба роҳбарияти Вазорат;

- Мавриди омузиш қарор додани санадҳои воридшаванда ва пешниҳод намудани онҳо ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаҳои ҳайати мушовапаи Вазорат доир ба самтҳои асосии зерин;

а) табодули усулҳои пешқадам ва муосири коргузорӣ дар соҳаи сиёсати фарҳангӣ бо хориҷи кишвар

б) мусоидат намудани дар гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи кишвар.

- Таъмин намудани ҳуҷҷатгузории саҳеҳ ва дуруст, тибқи регламенти корӣ ва Низомномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.