Сомонаи пешина | Яш, 22 Сентябр 2019 | 07:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шуъбаи ҳисоботи муҳосибавӣ ва баҳисобгирӣ

 

Низомномаи шуъбаи ҳисоботи муҳосибавӣ ва баҳисобгирӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботи молиявӣ», низомномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, вазъи ҳуқуқӣ, ташкилӣ, сохтор, функсия, вазифа, тартиби фаъолияти шуъбаи ҳисоботи муҳосибавӣ ва баҳисобгириро муайян намуда, масъалаҳои умумиро вобаста ба фаъолияти шуъба ба танзим медарорад.

Шуъба дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмиллалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовара, Низомномаи вазорати фарҳанг, инчунин низомномаи шуъбаи мазкурро ба асос ва роҳбарӣ мегирад.


Вазифа ва функсияҳои ассосии шуъба

Шуъбаи ҳисоботи муҳосибавӣ ва баҳисобгирӣ роҳбарии умумии баҳисобгирии муҳосибавии соҳаҳои вазорат ва иҷрокунандаи бевоситаи баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботи дастгоҳи марказӣ, чорабиниҳои марказонидашуда, сохтмони асосӣ, барномаҳои соҳавӣ, маблағҳои махсусро ба уҳда дорад.
Самтҳои асосии фаъолияти шуъба иборат аст аз:
- роҳбарии умумии фаъолияти муҳосибавӣ дар сохтори вазорат;
- риояи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботи молиявӣ»;
- ҳамкорӣ бо тамоми сохторҳои вазорат;
- интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳои муҳосибавии дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои вазорат;
- таъмини истифодаи мақсаднок ва самарабахши маблағҳои буҷетии дастгоҳи вазорат, чорабиниҳои марказонидашуда ва барномаҳои давлатии соҳавӣ;
- таъмини иҷроиши санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибавӣ;
- таъмини иҷроиши сари вақтии супоришҳои роҳбарияти вазорат;
- бо супориши роҳбарияти вазорат дар кори гурӯҳҳои санҷиши, комиссияҳо, ҷаласаҳо, семинарҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо иштирок карда, аз натиҷааш санад, гузориш ё ҳисобот омода намудан;
- тартиб додани ҳисоботҳои ҳисоббаробаркунӣ оид ба андоз аз даромад, ҳифзи иҷтимоӣ, ҳисоботҳои оморӣ;
- тартиб додан ва ба мақомоти дахлдор саривақт пешниҳод намудани тавозун ва ҳисоботҳои муҳосибавии дастгоҳи марказӣ ва чорабиниҳои марказонидашуда;
- қабул ва ҷамъбасти ҳисоботҳои муҳосибавӣ ва тавозунҳои фосилавӣ ва солонаи муассиса ва ташкилотҳои тобеи вазорат ва пешниҳоди он ба мақомоти дахлдор;
-муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро тибқи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, ҷавоб омода намудан;
- таъмини иҷроиши уҳдадориҳои мансабии кормандони шуъба;
- расонидани ёрии дастурҳои методологӣ ва амалӣ ба кормандони муҳосиботи муассиса ва ташкилотҳои тобеи вазорат.