Сомонаи пешина | Ҷм, 17 Август 2018 | 07:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шуъбаи таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ

 

Шуъбаи таҳлил ва дурнамои иқтисодии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Низомномаи шуъбаи таҳлил ва дурнамои иқтисодии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи хизмати давлатӣ», Низомномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, вазъи ҳуқуқӣ, ташкилӣ, сохтор, функсия, вазифа, тартиби фаъолияти шуъбаи таҳлилӣ ва дурнамои иқтисодии дастгоҳи марказии вазоратро муайян намуда, масъалаҳои умумиро вобаста ба фаъолияти шуъба ба танзим медарорад.

Шуъба дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовара, низомномаи дастгоҳи марказии вазорат, инчунин низомномаи мазкурро ба асос ва роҳбарӣ мегирад.


Вазифаҳои шуъба инҳо мебошанд:
- пешбурд ва татбиқи сиёсати буҷетӣ дар соҳаи фарҳанг;
- таҳияи барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатии соҳаи фарҳанг;
- бо раёсату шуъбаҳо ва дигар корхонаҳои системаи вазорат таҳия ва пешниҳоди саривақтии лоиҳаҳои дурнамои буҷети давлатӣ;
- ҷамъбасти дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳаи фарҳанг;
- таҳияи лоиҳаҳои инвеститсионии соҳаи фарҳанг барои давраи миёнамуҳлат;
- таъмин ва ташкили саривақтии таҳияи буҷет ва тасдиқи фаъолияти истеҳсолию молиявии вазорат дар сатҳи воҳидҳои сохтории ташкилоти театрию-консертӣ, нашриётҳо, рӯзномаву маҷаллаҳо, муассисаҳои таълимӣ, дастгоҳи марказӣ ва дигар муассисаҳои фарҳангиву фароғатӣ;
- назорат оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои истеҳсолию молиявӣ, истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ;
- таҳияи дурнамои даромадҳои соҳа барои давраи миёнамуҳлат;
- амалӣ намудани таҳлили иқтисодии фаъолияти молиявию хоҷагидории вазорат аз рӯи маълумотҳои оморӣ муҳосибавӣ ва ҳисобҳо бо мақсади муайян намудани захираҳои дохилии хоҷагӣ, пешгирӣ намудани хароҷотҳои зиёдатӣ;
- ҳамкорӣ бо раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат дар муассиса ва корхонаҳои система, гузаронидани санҷиш ва таҳлили иқтисодӣ доир ба беҳбудии кор;
- қабули ҳисоботҳои солонаи оморӣ ва таҳияи ҷамбастӣ оид ба муассисаҳои маданӣ-маърифатӣ;
- маҷмӯи ҳисоботи омориро роҷеъ ба ҳаҷми истеҳсол ва ҳисоботи меҳнат дар системаи вазорат таҳия менамояд;
- оид ба мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷети дар муассиса ва ташкилотҳои сохтори вазорат масъул мебошад;
- таҳияи дастурамалҳо вобаста ба музди меҳнати муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, истифодаи маблағҳои барои чопи китоб ҷудогардида ва маблағҳои махсуси муассиса ва ташкилотҳои сохтори вазорат масъул мебошад;
- харҷномаҳои ягонаи даромад ва хароҷотии дастгоҳи марказӣ, муассиса ва ташкилотҳои сохторро бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа менамояд;
- барои тартиб додани нақшаи чорабиниҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ дар ҳамкории раёсату шуъбаҳои вазорат масъул мебошад;
- маблағгузории муассиса ва ташкилотҳои тобеъи вазорат ва барномаҳои соҳавиро таъмин менамояд;
- саривақт пардохт намудани андозҳо аз ҷониби муассиса ва ташкилотҳоро назорат менамояд;
- дархостҳои буҷетиро дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя мекунад;
- таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории муассиса ва ташкилотҳои тобеъро ба маҷлиси ҳайати мушовара пешниҳод менамояд;
- риояи ҷадвали корбаст, харҷи фонди музди меҳнат, дурустии таҳияи номгӯи воҳидҳои корӣ, истифодаи меъёрҳои нархномавӣ, маоши моҳонаи вазифавии ташкилоту муассисаҳои тобеъро назорат мекунад.
- маводҳои назоратиро таҳлил, ҷамъбаст ва оид ба ҷараёни иҷрои онҳо гузориш пешниҳод менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида нақшаҳои кори моҳона ва солонаи шуъбаро таҳия ва барои тасдиқ ба вазир пешниҳод менамояд;
- маърӯза, ҳисоботи вазир ва гузориш маълумотномаҳо оид ба масъалаҳои муҳокимашаванда дар маҷлисҳои ҳайати мушовара ва дигар ҷамъомаду чорабиниҳо дар қисми самтҳои фаъолияти шуъба таҳия менамояд;
- тибқи тартиби муқарраршуда ҳифзи маълумоти дорои сирри хизмати давлатиро дар шуъба таъмин менамояд.