Сомонаи пешина | Яш, 22 Сентябр 2019 | 07:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Раёсати санъат

 

Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати санъат ҷузъи сохтори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи ҳамин низомнома амал менамояд.

Раёсати санъат ба ҳама риштаҳои ҳунар, драматургияи миллӣ, театр, мусиқӣ, рақс, сирк бо мақсади тарбияи ҳамаҷонибаи мардум, пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти фарҳангию эстетикии онҳо роҳбарӣ мекунад.

Раёсати санъат фаъолияташро дар асоси нақшаҳои солона ва переспективӣ, ки аз тарафи роҳбарияти Вазорат тасдиқ шудааст, пеш мебарад, ба қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, амри роҳбарияти вазорат ва ба ин низомнома такя мекунад.


ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ РАЁСАТ:

- оид ба инкишофи театр, драматургияи миллӣ, мусиқӣ, рақс, сирки миллӣ тадбирҳо меандешад ва онҳоро амалӣ мегардонад;
- қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гирифта барои иҷрои онҳо кӯшиш менамояд ва аз муассисаҳои тобеи раёсат иҷрои онро талаб мекунад;
- ба театрҳо, гурӯҳҳои касбӣ - консертӣ, сирк ҷиҳати тартиб додани барномаҳои сол кӯмак мерасонад ва ба ҷаласаи машваратии вазорат оид ба фаъолияти онҳо масъалаҳоро пешниҳод менамояд;
- аз рӯи бадеияти намоишномаҳо, консертҳо, барномаҳои сирк назорат мебарад.
- ба фаъолияти муассисаҳои театрию гурӯҳҳои ҳунарӣ ва сирки тоҷик дар марҳалаи гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ мусоидат менамояд;
- Фестивал, озмун, ҷашнҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ созмон дода иштироки муассисаҳои театрӣ, консертӣ, эҷодӣ ва сиркиро таъмин менамояд;
- конфронсҳои илмӣ - амалӣ ва назариявиро оид ба масъалаҳои пешрафти соҳаи санъати театрӣ, мусиқӣ, драматургияи миллӣ, рақс баргузор менамояд;
- роҳбарӣ ба фаъолияти театрҳои касбии ҷумҳурӣ,муассисаҳои консертӣ,эҷодӣ ва сирки тоҷикро таъмин менамояд;
- назорати риояи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ»-ро ба роҳ мемонад;
- тибқи тартиби муқаррар гардида дар мавридҳои вайрон намудани моддаҳои қонуни театрӣ ба таври хаттӣ огоҳ кардани роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва дар сурати ислоҳ нашудани он, омода намудани пешниҳод ба мақомоти роҳбарикунандаро амалӣ месозад;
- таҳияи тавсияҳо ва таъмини кор оид ба тарбия,бозомӯзӣ,такмили ихтисос ва истифодаи кадрҳо дар соҳаро ба роҳ мемонад;
- асарҳои беҳтарини драмавию мусиқиро интихоб карда, онҳоро ба театрҳо ва гурӯҳҳои ҳунарӣ барои саҳнавӣ шудан тавсия медиҳад.
- барои ташвиқу тарғиби ҳунармандони беҳтарин ба воситаи телевизион, радио ва тавассути воситаҳои ахбори оммавӣ кӯмак мерасонад;
- раёсат бо идораҳо ва шӯъбаҳои фарҳанги вилоятӣ, шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ намуда дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ кӯмаки амалӣ мерасонад;
- якҷоя бо дигар раёсатҳои дахлдори вазорат масъалаҳои эҷодӣ, ташкилӣ ва молиявиро дида мебарояд ва ба роҳбарият таклифҳо пешниҳод мекунад;
- барои таҳия, таҳлилу танзими сиёсати репертуарии театрҳо ва гурӯҳҳои эҷодии касбӣ, фаъолияти самарабахши онҳо ва баланд бардоштани сатҳи санъати касбӣ чораҳои мушахас меандешад.
- бобати таҳкими равобити байналмилалии фарҳангӣ, ташкили сафарҳои эҷодии гурӯҳҳои ҳунарӣ, театрҳои касбӣ, иштироки онҳо дар чорабиниҳо, фестивалҳо, озмунҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад;
- ҷашнҳои ходимони намоёни санъатро якҷоя бо театрҳо ва ташкилотҳои эҷодӣ ташкил ва баргузор менамояд;
- бахшҳои драмнависон ва мусиқии Шӯрои бадеиро созмон дода дар он масъалаҳои эҷодиро муҳокима ва асарҳоро барои театрҳо ва дастаҳои ҳунарӣ пешниҳод мекунад;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррарот асноди заруриро омода месозад;
- ба фаъолияти тарафайни драмнависон, коргардонҳо, ҳунар - мандон, оҳангсозон, рассомон, балетмейстерон ва ходимони сирки мамолики гуногун мусоидат менамояд.
- таҷрибаи пешқадами ташкилотҳо, муассисаҳои санъат ва ҳунарро меомӯзад, ҷамъбаст ва тарғиб менамояд.