Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 03:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд

Дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон:

1. Сардори шуъбаи идоракунии корҳо ва назорат.

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ;
- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ 1040 сомонӣ;

2. Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ -1 ҷой.

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки уҳдадориҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ 847 сомонӣ;
3. Мутахассиси пешбари шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ -1 ҷой.

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки уҳдадориҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ 847 сомонӣ;

4. Мутахассиси раёсати табъу нашр ва матбуот-1 ҷой;

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки уҳдадориҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
Маоши мансабӣ 696 сомонӣ.

5. Мутахассиси шуъбаи аудити дохилӣ -1 ҷой;

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки уҳдадориҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
Маоши мансабӣ 696 сомонӣ.

6. Мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ -1 ҷой;

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки уҳдадориҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
Маоши мансабӣ 696 сомонӣ.


Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо (дар муҳлати 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун)

Эзоҳ: Донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, маҳорати кор кардан бо компютер ва таҷрибаи кофии корӣ аз рӯи ихтисос зарур мебошад.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо ва баргузории озмун:

734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 34, тел. 223-19-71 ва 221-04-23 сайти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон www.vfarhang.tj