Сомонаи пешина | Шб, 26 Мая 2018 | 12:05
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Қолинбофӣ

 

Қолин ё гилем мафрашест, ки мисли палос дар фарши хона густурда мешавад. Онро барои ороиш ба деворҳои хона низ меовезанд. Санъати қолинбофӣ таърихи тўлонӣ дорад. Қадимтарин қолинҳое, ки то ба замони мо расидаанд, тақрибан ду ҳазор сол қабл дар қаламрави Суғдиён бофта шудаанд. Дар давраҳои қадим қолинҳои бофтаи худро онҳо барои сохтани хаймаҳо, бо мақсади паноҳ бурдан аз бод ва чангу ғубор, гарм нигоҳ доштани хонаҳо истифода менамуданд. Баъдан одамон қолинро бо нақшу нигор ва рангҳо ороста, барои ороиши хонаҳо ба кор мебурданд.

Қолинҳо вобаста тарзи истеҳсол бофташуда, дўхташуда ва гулдор мешаванд. Барои бофтани қолинҳо аз ресмонҳои пашмӣ, пахтагин, абрешимӣ ва нахи сунъӣ истифорда мебаранд. Аксар қолинбофон аз ресмони пахтагин истифода мебаранд, чунки аз он ҷиҳати сифат ва коркард барои бофтани қолин хеле мувофиқ аст. Дар деҳот, гилембофони маҳаллӣ, асосан, аз пашми бузу гўсфанд гилем мебофанд. 

Бофтаи қолин аз якчанд қисм иборат аст: тор, пуд, печаки паҳлуӣ, тўр, пўпак ва тугун ё гиреҳ. Тор ресмоне мебошад, ки ба таври даврашакл аз рўи гулаи боло ва поён кашида мешавад. Торро аз ресмонҳои пахтагин, абрешимин ва аз мўйи гўсфанд тайёр мекунанд. Пуд аз байни тор, аз қисми дарунӣ ва берунии он гузашта, бари қолинро ба ҳам пайваста, гиреҳҳои аз пашм бофтаро нигоҳ медорад. Тугун (гиреҳ)-ро бо пашм аз байни торҳо гузаронида, бо воситаи корд, аз тарафи берун мебуранд. 

Чор навъи гиреҳ маъмул аст: гиреҳи форсӣ, гиреҳи туркӣ, гиреҳи форсии ҷуфтӣ ва гиреҳи туркии ҷуфтӣ. Бо печаки паҳлуӣ қисмҳои чапу рости қолин ҳамроҳи пуд ба қисми дарунӣ ва берунӣ печонида мешавад, он тарафҳои қолинро мустаҳкам мегардонад. Тўр дар аввал ва охири қолин ҷой мегирад. Вазифаи тўр нигоҳ доштани пуд ва пати қолин дар аввалу охир мебошад ва он якчанд қатор бофта мешавад. Пўпак дар охир баъди ба поён расидани бофтани қолин сохта мешавад. Қолинбоф торҳои боқимондаро бурида, 5-6 тояшро якчоя карда, пўпак месозад. 

Дастгоҳи қолинбофии анъанавӣ аз чўб сохта шуда, аз қисмҳои зерин иборат аст: пояҳои чап ва рост, гулаҳои болоӣ ва поёнӣ, гула, кашак, тахтаи нишаст, нардбончаҳо, шадда ва тахтаи нишаст. Олоти кории устои қолинбоф корд, шона, қайчӣ ва сўзан мебошад. Бо корд ресмонҳоро мебуранд. Корд навъҳои калон, миёна ва хурдро дорад, ки ҳар кадом дар мавриди алоҳида кор фармуда мешаванд. Масалан, корди хурд барои бофтани қолинҳои паташон паст истифода мешавад. Корди миёна ҳангоми бофтани қолинҳои паташон андаке баланд ва корди калон барои қолинҳое, ки пати баланд доранд ба кор меравад. Шона барои нигоҳ доштани мувозанати зичии қолин ва қайчӣ барои ҳамвор кардани пати қолин истифода мешаванд. Қайчӣ ду хел мешавад: қайчии калон ва қайчии хурд. Ба воситаи сўзан масофаи байни торҳои қолинро якхела мекунанд. Барои бофтани қолин пеш аз ҳама нақш ва андозаи қолин интихоб мешавад.

Қолинбоф зичии қолинро ба назар гирифта, ба дастгоҳ 294 то тор мекашад. Барои бофтани қолин аз ресмонҳои сурху ҷигарӣ, сурхи сиёҳчатоб, кабуди баланд, кабуди паст, сафед, зард ва ғайра истифода мебаранд. Устои қолинбоф аз рўи нақш пашмҳои гуногунрангро гирифта, ба торҳои қолин гиреҳ (тугун) андохта, бо корд нўгҳои пашми зиёдатиро мебурад ва аз болои пашми гиреҳшуда пудро аз қабати берунӣ ва дарунии торҳои қолин, аз тарафи рост ба чап гузаронида, бо шона онҳоро зада, ҳамвор мекунад. Дар натиҷа пати қолин ба вуҷуд меояд ва ба воситаи қайчӣ пати ҳосилшударо ҳамвор мекунанд. Ҳамин тавр, ин амал аз рўйи нақш такрор ёфтан мегирад. Баъди ба охир расидани нақш тўр бофта мешавад ва дар анҷом торҳои зиёдатиро ба воситаи корд бурида, 5-6-тояшро ҷамъ карда, бо гиреҳ мебанданд. 

Имрўзҳо дар шаҳру навоҳии кишвар қолинбофии суннатӣ рушд пайдо кардааст ва ба ин кор бештар занону ҷавондухтарон ҷалб шудаанд.