Сомонаи пешина | Сш, 16 Октябр 2018 | 08:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Мавқеи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар рушди сайёҳии кишвар

 

Миллати  тоҷик  соҳиби  ойину суннатҳои  бостонӣ  ва фарҳанги қадимӣ  буда,  дар  тамаддуни  ҷаҳонӣ   саҳми  сазовор гузоштааст.

Эмомалӣ Раҳмон

 Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон, хусусан   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати таъриху фарҳанг ва пешрафти тамаддуни миллати тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои бениҳоят зиёдеро ба анҷом расонида истодааст. Саҳми миллати куҳанбунёди тоҷик дар як маврид бо арзишҳои таърихию фарҳангии хеш, инчунин бо фарзандони шоистаи хеш дар сатҳи ҷаҳонӣ назаррас мебошад.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз аз давраҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар минтақа яке аз аввалин шуда ба аъзогии созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ шомил гардида буд. Махсусан, шомил гардидани ҷумҳурӣ ба узвияти ЮНЕСКО баҳри   ривоҷу равнақи сайёҳӣ ва гардишгарии ҷаҳонӣ роҳи бузургеро барои тараққиёти сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ боз менамояд.

Маҳаки асосии иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар якҷоягии табиати биҳиштосои он зиёда аз 3000 ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ, 6 муассисаҳои давлатии муҷтамаъ ва мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, микдори зиёди осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносӣ, хона-музейҳо, китобхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, мамнуъгоҳҳо ва мавзеъҳои нодири табиӣ, инчунин ёдгориҳои алоҳидаи меъморӣ, таърихию бостоншиносӣ ташкил медиҳанд.

Ёдовар менамоем, ки айни замон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории бостонии Саразм ва «Боғи Миллӣ» ба рӯйхати асосии ЮНЕСКО ворид карда шуда,13 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии дараҷаи ҷумҳуриявӣ тавассути силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим ба рӯйхати пешакии ЮНЕСКО ворид гардидаанд, ки инҳо Панҷакенти қадим, шаҳраки Бунҷикат, шаҳри Ҳисор, шаҳраки эллинистии Тахти Сангин, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, дайри буддоии Аҷинатеппа, шаҳри асримиёнагии Ҳулбук, қалъаи Ямчун ва силсилаёдгориҳои водии Вахон, маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин, қалъаи бостонии Хуҷанд, тасвирҳои рӯисангии ноҳияи Ашт, Мадрасаи Мир Раҷаб Додхоҳ ва Мадрасаи Ойим мансуб мебошанд. Инчунин 4 маконҳои бостонии тасвирҳои рўисангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба силсилаҷоизаи “Тасвирҳои рӯисангии Осиёи Марказӣ” ворид карда шуданд, ки инҳо тасвирҳои рӯисангии Оқҷилга ва ғорҳои Шахтии ноҳияи Мурғоб, Лангари ноҳияи Ишкошим, Сойи Сабағи ноҳияи Мастчоҳ мебошанд.

Ҳамчунин, моҳи апрели соли 2015 ёдгории бостонии «Шаҳри асримиёнагии Ҳулбук» дар самти ёдгориҳои моддии дараҷаи байналмиллалӣ ба Ҷоизаи байналмиллалии «Global Rating Nomination»-и Институти рейтингии байналмилалӣ «International Rating Sistem» - ЮНЕСКО сарфароз гардид. Бояд қайд намуд, ки дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ моҳи июли соли 2017 дар пойгоҳи мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук - ҳамчун объекти афзалиятдоштаи моддии ҷаҳонӣ семинари байналмилалии “Мактаби бостоншиносони ҷавон дар шаҳри асримиёнагии Ҳулбук” бо иштироки намояндагони 9 давлати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Росия, Тоҷикистон ва Украина баргузор гардид, ки ин бори дигар аз эътибори баланди ёдгориҳои нодири меъмории халқи тоҷик дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад.

Қобили зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 100 адад ёдгориҳои мансуб ба таърих ва фарҳанги исломӣ - мақбараву мадраса ва масҷидҳо мавҷуд мебошанд. Дар қатори ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва табиӣ, инчунин объектҳои дорои эътиқоди динӣ ва маросимӣ дошта, ки мавриди эҳтиром ва зиёрати   мардуми маҳалӣ ва сайёҳони дохилию хориҷӣ гардидаанд, мавқеи хосаро доро мебошанд. Ёдгориҳои моддии нотакрори халқи тоҷик, аз ҷумла бозёфти катибаҳои “Қуръон” ва навиштаҷоти ирфонӣ, девормусаввараҳо аз Қалъаи Ҳулбук мансуб ба асрҳои IX-XII, мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, Эмом Аскари Содиқ, Эмом Зайналобиддин, Бурхи Сармаст, Биби Фотимаи Зуҳро, Чашмаи Носир, Мавлоно Яъқуби Чархӣ, Мавлоно Юсуфи Чархӣ, Хоҷа Аҳтами Асам, Муҳаммад Хоҷа Шақиқи Балхӣ, Мавлоно Тоҷиддин, Мавлоно Обиддин, Муҳаммад Башоро, Абуабдулло Рўдакӣ, Шайх Муслиҳиддин ва ғайра, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар тармим ва босзсозӣ гардидаанд, қатрае аз баҳри сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик мебошанд.

Дар дар маҷмуъ дар давраи соҳибистиқлолии кишвар зиёда аз 70 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ корҳои тармим ва барқарорсозӣ ба анҷом расонида шудааст. Илова бар ин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» ба тасвиб расидааст. Дар ду марила корҳои тармиму барқарорнамоӣ 25 қалъа, 7 мақбара, 5 мадраса, 3 масоҷиди таърихӣ, 3 маъбади қабл аз исломӣ фаро гир мешаванд, ки аз онҳо 17 ёдгорӣ тармим, 11 ёдгорӣ барқарор, 8 ёдгорӣ нигаҳдошт, 5 ёдгорӣ қисман барқарор ва 2 ёдгорӣ таъмир хоҳанд шуд. Маблағи умумии барои Барнома пешбинишуда 67,8 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 60,0 млн. маблағҳои буҷавиро таш кил медиҳанд.

Иҷрои пурраи Барномаи мазкур, ҳамчунин имконият медиҳад, ки яке аз самтҳои даромадноки иқтисодӣ-туризми фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хори ҷӣ шароитҳои муфид муҳайё карда шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мақеъи ҷуғрофӣ ва табиати нотакрори хеш дорои захираҳои васеи сайёҳии дараҷаи байналмилалӣ мебошад. Бахши сайёҳӣ, ҳамчун як падидаи нави сердаромад дар давраи соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Солҳои охир даромаднокӣ аз ҳисоби сайёҳӣ бо саноати нафту газ, мошинсозӣ ва кимиёвӣ баландтар арзёбӣ гардида, барои равнақи ин соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардидааст. Таҷлили ҷашнҳои миллӣ ва суннатӣ, эҳёи таъриху фарҳанги ғанӣ, инчунин табиати нотакрори Тоҷикистон асоси манбаи ҷалби сайёҳӣ ва гардишгарии ҷаҳонӣ ба ҳисоб мераванд.

Мавқеи мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ дар пешбурди самараноки фаъолияти сайёҳӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Маҳз чунин объектҳо ва ҳудудҳои ба онҳо наздики тамошобоби таърихию фарҳангӣ ва табиӣ, ки нигоҳдошти урфу одат ва анъанаҳои миллӣ нигоҳдорӣ шуда, ба пешрафти сайёҳӣ мусоидат менамоянд. Нигоҳдорӣ ва ҳифзи объектҳои таърихию фарҳангӣ бо мақсади рушди туризми ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир яке аз вазифаҳои муҳими макомоти ваколатдори дар самти нигоҳдори мероси таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, шумораи муассисаҳои мансуб ба ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ дар давраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бамаротиб афзоиш ёфта, таваҷҷуҳ ба мероси моддии ниёгон ва худшиносии миллӣ тадриҷан афзун гардидааст.

Шумораи муассисаҳои вобаста ба ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бамаротиб афзуд. Таъсиси Муассисаи давлатии Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук, Муассисаи давлатии Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара ва Муассисаи давлатии маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрўд, Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ натиҷаи дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Умуман дар давоми истиқлолияти кишвар шумораи кормандони соҳа аз 48 нафар ба 161 воҳиди корӣ расонида шуда, таваҷҷуҳ ва муносибат бо мероси ниёгон ва худшиносии миллию ватандўстӣ тадриҷан боло рафтааст.

Дар радифи таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ вобаста ба ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамчунин ба масъалаи тармиму нигаҳдошти онҳо, рушду нумуъ, оммавигардонӣ ва мукаммал намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ дар самти ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ ба тасвиб расид.

Зимнан бояд қайд намуд, ки эҳёи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, меъморӣ, инчунин ташну маросимҳои суннатӣ ва миллӣ дар баланд бардоштани рўҳияи ватандўстӣ, худогоҳию хештаншиносӣ мавқеи муҳим дорад. Истифодаи самараноки ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун объектҳои туризми фарҳангӣ, ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид намудани беҳтарин ва нодиртарини онҳо ҳадафи асосии кормандони шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.

Шералӣ Хоҷаев

сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг, номзади илми таърих