Сомонаи пешина | Пш, 16 Август 2018 | 04:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Нахустнамоиши «Обу оташ» дар Театри Лоҳутӣ

Шоми 7 феврали соли 2018 дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ нахустнамоиши «Обу оташ» пешкаши ҳаводорони театр гардид. 
Намоиш аз рӯи асари ҳамноми нависанда Мансур Суруш таҳия гардида, дар бораи зарурати ҳамзистии осоишта дар ҷомеаи демократии дунявӣ қисса мекунад ва таъкид месозад, ки дар ҷомеаи солим набояд ба хурофот, аз ҷумла хурофоти динӣ ҷой бошад. Муҳтавои намоиш ба даст овардани сулҳу суботу ҳамдигарфаҳмӣ бо роҳи музокирот ва гуфтугӯи тамаддунҳоро талқин менамояд.
Намоишро коргардон Шералӣ Абдулқайс рӯи саҳна овардааст ва дар он Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Носир Ҳасанов, Ортиқ Қодиров, Муҳаммадҷон Шодиев ва ҳунарпешаҳои маъруф, мисли Сония Наврӯзова, Салоҳиддин Шукуров нақш офаридаанд.