Сомонаи пешина | Пш, 13 Декабр 2018 | 01:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Тартюф» ба мавсими нав ҳусни оғоз бахшид

23 сентябри соли 2018 дар толори Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ аҳли эҷоди Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский ба ифтихори кушодашавии мавсими 81-уми театрӣ ба мухлисону ҳаводорони худ намоиши навро манзур намуданд. Дар расми кушодашавии мавсими нав Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ҳузур дошт.

Дар оғоз Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ Баҳодур Миралибеков, ки ба саҳнагузорандаи намоиши нав аст, суханронӣ намуда, ҳозиринро бо оғози мавсими нави театрӣ табрик гуфт ва ба аҳли эҷоди театр дар мавсими нав комёбӣ ва бурдборӣ таманно намуд.

Сипас, нахустнамоиши мазҳакаи «Тартюф» ба диққати аҳли толор ҳавола гардид. Маҳорати иҷрои нақшҳо аз ҷониби ҳунарпешагон, басаҳнагузории ҷолиб, сужаи шавқовару пурпечутоб ва гирудори намоиш аҳли толорро чунон тасхир намуд, ки ҳама онро бо як нафас тамошо карданд. 
Намоиши «Тартюф», ки дар репертуари аксари театрҳои ҷаҳон ҷой дорад, соли 1664 аз ҷониби Ж.Б. Молйер навишта шудааст. Асар дар бораи фиребгари гузаро Тартюф, ки ба боварии соҳибмулк Оргон даромада, хона ва моликияти ӯро ба даст оварданӣ мешавад, нақл мекунад. Ҳодиса дар шаҳри Париж рух медиҳад.

Нақшҳои марказиро дар намоиш Ҳунарпешаҳои хизматнишондодаи Тоҷикистон Мунира Дадаева ва Фирӯза Раҳмонова, ҳунарпешагон Дмитрий Мурзинов, Хуршед Мустафоев, Марина Ярмолик ва дигарон иҷро намуданд. 

Тамошобинон баъди итмоми намоиш бо нидоҳои пайдарпайи «Офарин», «Браво» ва кафкӯбиҳои дурудароз иброз доштанд, ки намоиш ба онҳо хеле писанд омадааст.