Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 03:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Китоби «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон» нашр шуд

 

Китоби “Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон” яке аз тадбирҳои ҳифзу густариш ва муаррифии мероси фарҳанги ғайримоддии тоҷикон мебошад. Китоб дар натиҷаи ҳамкорӣ бо Маркази мероси фарҳанги ғайримоддии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ICHCAP) таҳия ва чоп шудааст.
Китоби “Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон” бо сарсухани Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО муҳтарам Ш. Орумбекзода ва суханони ифтитоҳии Раиси ICHCAP ҷаноби Квон Хуҳ оғоз шуда, сипас мақолаи муқаддимавии мардумшиноси маъруфи тоҷик Дилшод Раҳимов оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагонро ба фарҳанги суннатии мардуми тоҷик ошно месозад.
Китоби мазкур маҳсули натиҷаҳои таҳқиқоти пайдарпайи олимони Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ва чанд тан аз муҳаққиқони муассисаҳои илмию фарҳангии кишвар мебошад, ки дар асоси маводи бойгонии мероси фарҳанги ғайримоддии Пажўҳишгоҳ, адабиёти чопшуда ва маводи тозаи аз экспедитсияҳои мардумшиносию санъатшиносӣ бадастомада таълиф шудааст. Мураттиби китоб мардумшиноси шинохтаи тоҷик Дилшод Раҳимов буда, муҳаррири он директори ПИТФИ, номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода мебошад. Дар таълифи бахшу фаслҳои китоб олимон Н. Қличева, А. Зубайдов, Х.Низомов, А. Аминов, З. Холмуродов, Л. Носирова ва М. Ниёзова саҳм гузоштаанд.
Дар китоб беш аз 300 акси унсурҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ ҷой гирифтаанд, ки мазмуни мақолаҳоро пурра месозанд. Расмҳои дар китоб дарҷшударо аскбардорони ҳирфаӣ ба монанди Заур Дахте ва кормандони худи Пажўҳишгоҳ ҳангоми сафарҳои хидматӣ акс бардоштаанд.
Китоб аз ҳафт бахш иборат буда, ҳар як бахш аз мақолаҳои самти муайян таркиб ёфтааст. Бахши якум фарогири унсурҳои анъанаи шифоҳӣ, бахши дувум – санъати иҷроӣ, бахши севум – ҷашну маросимҳои анъанавӣ, бахши чорум – донишҳои суннатӣ ва таҷрибаи иҷтимоӣ, бахши панҷум – касбу ҳунарҳои анъанавӣ, бахши шашум – хўрокҳои суннатӣ ва бахши ҳафтум – варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона мебошанд. Инчунин баъзе бахшҳо ба фаслҳо тақсим шудаанд. Чунончӣ, бахши дувум фаслҳои рақсҳои анъанавӣ, театри суннатӣ ва мусиқии мардумиро дар бар гирифтааст. Ҳамин тариқ, китоб дар маҷмўъ фарогири 115 мақолаи тасвирию тавсифии унсурҳои мероси фарҳанги ғайримодди халқи тоҷик мебошад. Албатта унсурҳои фарҳанги маънавии тоҷикон хеле зиёданд ва ҳамаи онҳоро дар ин китоб ҷой дода намешавад.
Дар поёни ҳар як бахш инчунин рўйхати адабиёти марбут ба мавзўи бахш зикр шудааст, ки хонандагон метавонанд барои маълумоти бештар ба он сарчашмаҳо муроҷиат намоянд.
Китоби “Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон” ба забони тоҷикӣ бо теъдоди 700 адад ва бо забони англисӣ ба миқдори 500 адад нашр шудааст. Китоб барои муаррифӣ ва таблиғи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик ба ҷаҳониён ва таҳкими ҳувияти миллӣ воситаи муҳим ба шумор рафта, он ба муносибати ҷашни «20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ» бахшида шудааст.
Боиси зикр аст, ки ҳамкориҳои Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи лоиҳаҳои Маркази мероси фарҳанги ғайримоддии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ICHCAP), ки дафтари он дар Кореяи Ҷанубӣ ҷойгир аст, хеле назаррас ва самарабахш мебошанд. Дар бобати афзун гардонидани аёнияти мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҳамоҳангӣ бо Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО бо ҷалби коршиносон дар соли 2017 якчанд ҳамкориҳо дар шаклҳои гуногун анҷом дода шуданд.