Сомонаи пешина | Чш, 16 Октябр 2019 | 13:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷилди севуми «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» оид ба мақоми Наврӯзи байналмилалӣ интишор ёфт

Ҷилди сеюми «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» мавсум ба «Наврӯз ва ҷашнҳои дигар», ки иборат аз 800 саҳифа аст, мунташир шуд. Донишномаи мазкур, ки аз ҷониби Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик таҳия гардидааст, тӯҳфаи арзандае ба аҳли илм ва мардуми фарҳангдӯсти кишвар аз номи муассисаи мазку рва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бино ба қавли таҳиягарон, матолиби ин донишнома аслан, баъди ба тасвиб расидани «Барномаи ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013‒2020» 31 майи соли 2012 бо таваҷҷуҳ ба мақоми байналмилалиро соҳиб шудани ҷашни Наврӯз мутобиқи қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз»-и Иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид – фасли 4-и «Фарҳанги ҷаҳон», ки бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркия ва Туркманистон ба тасвиб расида буд, бо истифода аз 1300 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ, публитсистиву ахборӣ ва маҷаллаву китобҳои алоҳидаи ба ҷашни Наврӯз бахшидашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бештар аз 200 китобу маҷаллаи дар ҷумҳуриҳои ҳавҷавор, аз қабили Эрону Афғонистон ва соири мамолики хориҷ банашррасида гирдоварӣ, таҳияву тадвин шуда, пас аз супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат (19.03.2018) боздиду комил гардида, ба нашр расид.

Ҳамчунин, маводди пурарзиши таърихии «Таъриху-р-русул ва-л-мулук»-и Табарӣ, «Осору-л-боқия» ва «ат-Тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «ал-Маҳосин ва-л-аздод»-и Ҷоҳиз, «Шоҳнома»-и Саолибӣ, «Зайну-л-ахбор»-и Гардезӣ, «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, садҳо таҳқиқоти бунёдии уламои рус, аз қабили М. С. Андреев, В. В. Бартолд, Е. С. Бертелс, К. А. Инострансев, И. Карухи, Н. А. Кисляков, Л. Майский, А. А. Семёнов, А. Красноволская, уламои эронӣ Баҳор Меҳрдод, Бурузи Наҷмо, Ваҳидӣ Ҳусайн, Додагӣ Фаранбағ, Кова Алимуҳаммад, Сайидҳусайн Наср, Разӣ Ҳошим, Муҳаммад Рашшод, Ризоӣ Абдулъазим, Равандӣ Сайидмуртазо, Тақизода Саид, Шуштарӣ Имом, Ялукбошӣ Алӣ ва таълифоти мутааддади дигар муҳаққиқини маъруфи хориҷӣ – Дюрант Вилл, Артур Кристенсен, Мэри Бойс, Ричард Фрай ва дигарон, китобу мақолаҳои мардумшиносони тоҷик Р. Аҳмадов, А. Турсон, Д. Обидов, Р. Раҳмонӣ, Д. Раҳимӣ, Д. Карамшоев, Қ. Сатторӣ, Ҳ. Муҳаммадӣ, М. Ҳазратқулов, махсусан, суханрониҳои силсилавии ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба Наврӯз ва дигар ҷашнҳои мардумӣ мавриди баҳрабардорӣ дар тадвини мақолоти ин китоб гардидаанд.

Китоб ҳовии муқаддима ва 8 фасл (Таърих, Гоҳшуморӣ, Рамзҳо, маросим, тадорукот, Суннату ойинҳои наврӯзӣ, Ашъори наврӯзӣ, Наврӯз дар ҷаҳони муосир, Дигар ҷашнҳо ва Тартиби алифбоии матолиб) мебошад.

Боиси зикр аст, ки ҷилди аввали Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик соли 2018 дар Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб» сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардида буд.