Сомонаи пешина | Сш, 25 Июн 2019 | 15:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Хонандаи мактаби мусиқии ба номи Атоев Шаҳриёр Ҳабибов дар озмуни байналмилалии мусиқинавозон ҷои дуюмро гирифт

 

Аз 23 то 27 феврали соли равон дар Ҷумҳурии Қазоқистон озмуни байналмилалии мусиқинавозон таҳти унвони «Шоҳроҳи Абрешим» баргузор гардид.

Дар озмуни байналмилалии мусиқинавозон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандаи синфи 11-и Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев Шаҳриёр Ҳабибов иштирок намуда, дар номинатсияи навозиши асбобҳои торӣ – камонӣ сазовори ҷои дуюм гардид.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки Шаҳриёр Ҳабибовро дар Озмуни байналмилалии мазкур ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам аз ҷиҳати маънавӣ дастгирӣ ва таъмин намуд. Номбурда хонандаи фаъоли муассисаи зерсохтори вазорат, яъне Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев мебошад. Ӯ соли 2018 ғолиби озмуни «Хонандаи беҳтарини сол» дар муассисаҳои таълимии зерсохтори Вазорати фарҳанг ва яке аз ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Навозандагони ҷавон» гардида буд.