Сомонаи пешина | Пш, 13 Декабр 2018 | 01:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Фалак

 

Фалак – мусиқии суннатии шифоҳии мардуми тоҷик мебошад, ки тӯли асрҳо ҳамчун ифодагари розу ниёз, талабу хостаҳои мардумӣ иҷрои вазифа кардааст. Дар суруди Фалак, асосан, рубоӣ ва ё дубайтие интихоб мегардад, ки маънои фалсафӣ дошта, ифшогари розу ниёзи мардум бошад.

Фалак – маҷмӯи суруд ва навои мардуми тоҷик аст, ки бештар дар навоҳии кӯҳистон маъмул аст. Зеро дар тӯли асрҳо марди кӯҳистонӣ аз мушкилот, нодорӣ, гирудору нобасомониҳои рӯзгор ба танг омада, рӯ ба кӯҳсор овардаву аз таҳти дил фарёд мезад ва ба ин васила дарду ғам ва розу ниёзи худро ба осмонҳову офаридгори оламу одам ифшо менамуд.

Фарёди ӯ дар кӯҳҳо мунъакис гардида, ба фалак мепечид. Фалакжанри мусиқии қадимаи шифоҳӣ буда, дар тӯли садсолаҳо аз гӯш ба гӯш, аз забон ба забон, аз дил ба дил ба тарзи мактаби «устод–шогирд» то ба имрӯз расидааст. Фалак аз бахшҳои созию овозӣ иборат аст.

Бахши созӣ мусиқии холис буда, овозӣ бо суруд, яъне рубоӣ иҷро карда мешавад. Ҳар кадоме аз ин бахш ду сабки иҷроӣ дорад: фалаки даштӣ ва фалаки роғӣ.

Аз рӯи анъана Фалакро бо ҳамовозии созҳои мусиқии дутор (думбура), ғижак, най (тутак), сетор ва рубоби бадахшонӣ, бо ҳамсадоии дафу таблак иҷро мекунанд. Андозаи мусиқии фалакӣ бештар панҷ ҳаштякӣ (5/8), чор чорякӣ (4/4), ҳафт ҳаштякӣ (7/8), шаш ҳаштякӣ (6/8) ва ду чорякӣ (2/4) мебошанд. Жанри мусиқии Фалак ба ғайр аз Тоҷикистон, инчунин дар қисми шимолии Афғонистон ва якчанд вилоёти тоҷикнишини Покистону Ҳиндустон маъмул аст.

Аз рӯи анъана матни асосии Фалакро рубоӣ ташкил медиҳад, вале дар замони мо фалаксароён ҳангоми иҷрои сурудҳои фалакӣ ба ғайр аз дубайтиву рубоӣ, инчунин ғазалҳои баландмазмунро аз адабиёти классикӣ ва шоирони имрӯзаи тоҷик низ истифода менамоянд.

Албатта замина, таърихи пайдоиш ва таркиби Фалак ягона аст, вале бо назардошти тарзи иҷро, истифода аз созҳои гуногуни мусиқӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ Фалакро ба навъҳои даштӣ, роғӣ, дарвозӣ, афғонӣ (бадахшонӣ) ва кӯҳистонӣ ҷудо мекунанд.

Фалак– жанри озод буда, ҳамеша дар ташаккулу такомул ва таҳаввулу инкишоф аст. Яке аз хусусиятҳои хоси Фалак бадоҳатан иҷро гардидани он аст ва аз шахси фалаксаро оқиливу зиракӣ, сухандонӣ, маҳорати баланди касбиро тақозо менамояд.

Бояд бигӯем, ки бо заҳмату кӯшишҳои як идда донандагону иҷрокунандагони санъати фалаксароӣ, аз ҷумла, Бобохалили Одина, Раҷабмади Валӣ, Мадалии Барот, Карими Шиш, Акашариф Ҷӯраев, Ҳошими Қосим, Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Абдулло Назрӣ, Иброҳим Кобулиев, Мусаввар Минаков, Мамадато Таваллоев, Наврӯзшоҳ Қурбонҳусейнов, Моҷон Назардодова, Нусайрӣ Одинаев, Ҳаким Маҳмудов, Файзалӣ Ҳасанов, Давлатманди Хол, Сафармуҳаммад Муродов, Дона Баҳром, Аслия Искандарова, Панҷшанбе Ҷорӯбов ва дигарон дар асри сипаригашта ва замони мо мусиқии Фалакривоҷу равнақ ёфт ва машҳури олам гардид. 20-уми июли соли 1989 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Кӯлоб, таҳти сарварии ҳунарманди варзида Давлатманди Хол ансамбли Фалак таъсис дода шуд, ки дар рушду нумуи ин мусиқии нодири мардуми тоҷик аҳмияти хело муҳим дошт ва нақши бориз гузошт.

Дар замони мо низ Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи жанри мусиқии Фалак ғамхории зиёд зоҳир менамояд. Бо ташаббуси ӯ 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли Фалак мақоми давлатӣ дода шуд, ки ҳоло дар назди Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад. Инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007, ҳар сол 10-уми октябр ҳамчун «Рӯзи Фалак» ҷашн гирифта мешавад ва ин чорабинии фарҳангӣ бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил мегардад. Аз ҳар гӯшаю канори кишвар ва ҳатто аз хориҷи он ҳунармандони асили мардумӣ гирд омада, санъату ҳунари волои хешро пешкаши мардум менамоянд. Имрӯзҳо анъанаи эҷодию иҷроии фалаксароӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов мавриди тадрису омӯзиш қарор гирифта, устодону донандагони мардумии ин жанри шеърию мусиқии халқамон ба насли ҷавони ҳунармандон сирри нозукиҳои онро меомӯзонанд.

Чуноне ки гуфтем, Фалак яке аз падидаҳои марказии мусиқии тоҷикони кӯҳистон аст, жанри мусиқии суннатӣ, сабки иҷрокунандагӣ, асарҳои мусиқии якқисма ва силсилавӣ. Шаклҳои овозӣ ва созиро дорад. Дар мусиқии тоҷик ду шакли Фалак ҷо дорад: фалаки кӯлобӣ ва фалаки помирӣ. Ҳар яки он сабки иҷрокунандагии худро дорад. Дар Фалак ду навъи композитсияи асар ҷо дорад: яке дар асоси қолабзарб (усул) ва дигаре бидуни он, ба таври озодона баён мешавад. Хелҳои фалаки кӯлобӣ инҳоянд: фалаки даштӣ, фалаки равона, фалаки роғӣ, фалаки паррон, фалаки қаландарӣ, фалаки сафарӣ, фалаки ғарибӣ. Аз онҳо фалаки даштӣ бидуни қолабзарб аст. Фалаки сафарӣ, ғарибӣ ва даштӣ якқисма мешаванд. Фалаки роғӣ, паррон ва қаландарӣ дорои сохти якқисма ва силсилавианд.

Фалаки помирӣ хелҳои фалаки даштӣ, бепарвофалак, фалаки мотамӣ, фалак, фалак-муноҷот, фалак-рапо ва фалак-мадҳия дорад. Аз онҳо фалаки даштӣ, фалаки мотамӣ, фалак-муноҷот ва фалак қолабзарб надоранд ва ба таври озод иҷро мешаванд. Бепарвофалак сохти якқисма дошта, дорои қолабзарб аст. Фалак-мадҳия ва фалак-рапо навъҳои фалаки силсилавианд.

Ҳамаи намудҳои Фалак овозӣ ва созӣ мешаванд. Онҳоро марду зан, пиру ҷавон иҷро мекунад. Созҳои мусиқии фалаки кӯлобӣ инҳоянд: думбра/дутор, таблак, ғиҷак, тутак. Созҳои мусиқии фалаки помирӣ инҳо ба шумор мераванд: рубоби бадахшонӣ, дафф, баландзиком, ғиҷак, тутак.

Номҳои баъзе устодон-фалакхононе, ки дар мавзеҳои гуногуни Тоҷикистон имрӯз дорои гурӯҳҳои иҷрокунандагианд:

навозандагон: Муҳаммадато Таваллоев (1940), Абдусалом Раҳимов (1944), Умари Темур (1952), Баҳром Қодиров (1959), Қурбони Қурбониён (1952), Муҳаммадвалӣ Орзуев (1972), Карим Сафаров (1943) ва ғайра.

ғазалхонон: Файзалӣ Ҳасанов(1948), Мирзоватан Миров(1949), Абдулхайр Ҳошимов (1943), Давлатманд Холов (1950), Гулчеҳра Содиқова (1942), Булбул Султонов (1949), Рахматулло Хошимов (1960), Саъдулло Каримов (1981) ва ғайра.

мадҳияхонон: Олуча Муаллимшоев (1967), Панчшанбе Ҷорубов (1953), Ҳақназар Аловатов (1975), Сарбоз Лутфишоев (1983), Қодир Лутфишоев (1988), Оғоназари Охирназар (1979), Муминшо Муносибшоев (1920-1986) ва ғ.

рубоихонон: Нурулло Холов (1956), Назаралӣ Холов (1948), Соҳиба Давлатшоева (1970), Озодамо Мухтарамова (1969), Муҳаммадсафар Муродов (1950), Дона Баҳромов (1949), Шокир Қодиров (1954), Муҳаммадалӣ Аюбов (1978), Р. Носиров (1977), Ҷумъахон Сафаров (1977), Шодигул Маҳмадносирова (1959), Сафари Қодирӣ (1959), Муродмад Раҳимов (1958), Мадохир Шарифов (1967), Муслима Қодирова (1988) ва ғ.

Устодон-фалакхононе, ки дорои мактабҳои маҳалли (ғайридавлатӣ)-и устод-шогирд ҳастанд:
Устод Одина Ҳошим (Ҳошимовҳо: Абдулхайр (1943), Раҳматулло (1960), Ҳикматулло (1971), Фируз (1985), Фирдавс (1987);
Устод Давлатманд Холов: (Холовҳо: Саид (1954), Нурулло (1956), Шерафган (1969), Хуршед (1971), Рузимад (1980), Лоиқ (1987);
Устод Гулчеҳра Содиқова: (Орзуевҳо: Орзу (1962), Қурбоналӣ (1964), Бозоралӣ (1967), Маҳмадалӣ (1970), Муҳаммадвалӣ (1972), Эраҷ (1990), Достӣ (1994);
Устод Исрибшо Муаллибшоев: (Муаллибшоевҳо:Олуча (1967), Мамадалӣ (1958), Наврузшо (1969), Сураҷ (1992), Хушрӯз (1998).

Устод Бобо Аловат: (Аловатовҳо: Азизбек (1920-2004), Имомназар (1934-2012), Абдуназар (1964), Бахтдавлат (1966), Ҳақназар (1975), Орзу (1987), Хуррам (1990), Навруз (1995), Чоршанбе (1998).