Сомонаи пешина | Чш, 18 Июл 2018 | 21:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Фалак»

 

«Фалак» – мусиқии суннатии шифоҳии мардуми тоҷик мебошад, ки тўли асрҳо ҳамчун ифодагари розу ниёз, талабу хостаҳои мардумӣ иҷрои вазифа кардааст. Дар суруди «Фалак», асосан, рубоӣ ва ё дубайтие интихоб мегардад, ки маънои фалсафӣ дошта, ифшогари розу ниёзи мардум бошад.

«Фалак» – маҷмўи суруд ва навои мардуми тоҷик аст, ки бештар дар навоҳии кўҳистон маъмул аст. Зеро дар тўли асрҳо марди кўҳистонӣ аз мушкилот, нодорӣ, гирудору нобасомониҳои рўзгор ба танг омада, рў ба кўҳсор овардаву аз таҳти дил фарёд мезад ва ба ин васила дарду ғам ва розу ниёзи худро ба осмонҳову офаридгори оламу одам ифшо менамуд. Фарёди ў дар кўҳҳо мунъакис гардида, ба фалак мепечид. «Фалак» жанри мусиқии қадимаи шифоҳӣ буда, дар тўли садсолаҳо аз гўш ба гўш, аз забон ба забон, аз дил ба дил ба тарзи мактаби «устод–шогирд» то ба имрўз расидааст. «Фалак» аз бахшҳои созию овозӣ иборат аст. Бахши созӣ мусиқии холис буда, овозӣ бо суруд, яъне рубоӣ иҷро карда мешавад. Ҳар кадоме аз ин бахш ду сабки иҷроӣ дорад: фалаки даштӣ ва фалаки роғӣ.

Аз рўи анъана «Фалак»-ро бо ҳамовозии созҳои мусиқии дутор (думбура), ғижак, най (тутак), сетор ва рубоби бадахшонӣ, бо ҳамсадоии дафу таблак иҷро мекунанд. Андозаи мусиқии фалакӣ бештар панҷ ҳаштякӣ (5/8), чор чорякӣ (4/4), ҳафт ҳаштякӣ (7/8), шаш ҳаштякӣ (6/8) ва ду чорякӣ (2/4) мебошанд. Жанри мусиқии «Фалак» ба ғайр аз Тоҷикистон, инчунин дар қисми шимолии Афғонистон ва якчанд вилоёти тоҷикнишини Покистону Ҳиндустон маъмул аст. Аз рўи анъана матни асосии «Фалак»-ро рубоӣ ташкил медиҳад, вале дар замони мо фалаксароён ҳангоми иҷрои сурудҳои фалакӣ ба ғайр аз дубайтиву рубоӣ, инчунин ғазалҳои баландмазмунро аз адабиёти классикӣ ва шоирони имрўзаи тоҷик низ истифода менамоянд. Албатта замина, таърихи пайдоиш ва таркиби «Фалак» ягона аст, вале бо назардошти тарзи иҷро, истифода аз созҳои гуногуни мусиқӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ «Фалак»-ро ба навъҳои даштӣ, роғӣ, дарвозӣ, афғонӣ (бадахшонӣ) ва кўҳистонӣ ҷудо мекунанд.

«Фалак» – жанри озод буда, ҳамеша дар ташаккулу такомул ва таҳаввулу инкишоф аст. Яке аз хусусиятҳои хоси фалак бадоҳатан иҷро гардидани он аст ва аз шахси фалаксаро оқиливу зиракӣ, сухандонӣ, маҳорати баланди касбиро тақозо менамояд.

Бояд бигўем, ки бо заҳмату кўшишҳои як идда донандагону иҷрокунандагони санъати фалаксароӣ, аз ҷумла, Бобохалили Одина, Раҷабмади Валӣ, Мадалии Барот, Карими Шиш, Акашариф Ҷўраев, Ҳошими Қосим, Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Абдулло Назрӣ, Иброҳим Кобулиев, Мусаввар Минаков, Мамадато Таваллоев, Наврўзшоҳ Қурбонҳусейнов, Моҷон Назардодова, Нусайрӣ Одинаев, Ҳаким Маҳмудов, Файзалӣ Ҳасанов, Давлатманди Хол, Сафармуҳаммад Муродов, Дона Баҳром, Аслия Искандарова, Панҷшанбе Ҷорўбов ва дигарон дар асри сипаригашта ва замони мо мусиқии «Фалак» ривоҷу равнақ ёфт ва машҳури олам гардид. 20-уми июли соли 1989 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Кўлоб, таҳти сарварии ҳунарманди варзида Давлатманди Хол ансамбли «Фалак» таъсис дода шуд, ки дар рушду нумуи ин мусиқии нодири мардуми тоҷик аҳмияти хело муҳим дошт ва нақши бориз гузошт.

Дар замони мо низ Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба рушду нумўи жанри мусиқии «Фалак» ғамхории зиёд зоҳир менамояд. Бо ташаббуси ў 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд, ки ҳоло дар назди Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад. Инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007, ҳар сол 10-уми октябр ҳамчун «Рўзи Фалак» ҷашн гирифта мешавад ва ин чорабинии фарҳангӣ бо тантана ва шукўҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил мегардад. Аз ҳар гўшаю канори кишвар ва ҳатто аз хориҷи он ҳунармандони асили мардумӣ гирд омада, санъату ҳунари волои хешро пешкаши мардум менамоянд. Имрўзҳо анъанаи эҷодию иҷроии фалаксароӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов мавриди тадрису омўзиш қарор гирифта, устодону донандагони мардумии ин жанри шеърию мусиқии халқамон ба насли ҷавони ҳунармандон сирри нозукиҳои онро меомўзонанд.