Сомонаи пешина | Яш, 24 Июн 2018 | 08:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шашмақом

Шашмақом асари мусиқии суннатии халқи тоҷик буда, аз шаш мақом – Бузург, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ ва Ироқ иборат аст. Ҳар мақом ба тарзи силсилавӣ ва низоми муайян мураттаб шуда, аз навоҳои гўшнавоз ва суруду таронаҳои дилчасп таркиб ёфта,дорои қоидаҳои махсуси лаҳнию зарбӣ ва шаклбандии ба худ хос мебошанд. Матни онҳо беҳтарин дурдонаҳои назми адабиёти классикии ҳазорсолаи халқамонро дар баргирифтаанд.

Ин шоҳасари безаволи мусиқии суннатии ниёгонамон дар фарҳанги мусиқии мардуми тоҷик мавқеи муҳимро ишғол намудааст.

Дар ташаккули суруду наво ва оҳангу таронаҳои ин шоҳасар заҳмати ниёгони фарҳангофари мо Борбаду Рўдакӣ, Иброҳими Мосуливу Котибии Хоразмӣ, Ибни Синою Форобӣ, Сафиуддини Урмавию Қутбиддини Шерозӣ, Амир Хусраву Ҷомӣ, Кавкабии Бухороиву Дарвешалии Чангӣ ва дигарон нуҳуфтааст. Ғазалҳои нобу каломи мавзуни шоирони бузурги мо Рўдакию Низомӣ, Саъдию Ҳофизу Камол, Ҷомиву Ҳилолию Бедил, Сойибу Сайидо ва дигарон бо навоҳои «Шашмақом» чун ҷону тан ба ҳам пайвастаанд.

«Шашмақом» аз қисми созӣ (мушкилот), ду шуъбаи овозӣ (наср) иборат буда, зиёда аз 250 суруду оҳангро дарбар мегирад. Дар навоҳояш ҳам сурудҳои одии мардумии шўху муфарраҳи бештар хусусияти рақсидоштаву иҷрояшон сабук (Тарона, Уфар) ва ҳам сурудҳои шаклан калону мураккаб (Сарахбор, Савт, Талқин) ҷой гирифтаанд. Мақомҳо дорои қонуниятҳои хоси зарбию санъати иҷроӣ лаҳнӣ ва шаклбандӣ буда, бо жанрҳои гуногуни назми адабиёти классикӣ, аз ҷумла муноҷот, соқинома, тарона, ғазал, мухаммас, мустазод ва амсоли инҳо пайвастагии зич доранд. Донандагону иҷрокунандагони барҷастаи санъати мақомхонӣ фарзандони фарзонаи миллат Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов буданд. Онҳо барои нигоҳ доштани мусиқии суннатии мо «Шашмақом», ривоҷу равнақ ва ташвиқи он корҳои бузурги мондагорро ба сомон расонидаанд. Аввалин коре, ки аз ҷониби ин мардони барўманди фарҳанги тоҷик анҷом дода шуд, соли 1946 ташкил намудани Ансамбли академии мақомхонони тоҷик дар шаҳри Душанбе буд. Бо ҳидояту маслиҳати устод С.Айнӣ, кўшиш ва дастгирию ғамхории пайвастаи роҳбари ҳукумати онвақтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби ин устодон «Шашмақом» ба нота дароварда шуда, дар 5 ҷилд дар давоми солҳои 1950 – 1967 дар шаҳри Маскав ба табъ расид. Инчунин онҳо дар тарбияи шогирдони шашмақомхон Н. Аминов, Б. Ниёзов, Б. Исҳоқова, Л. Баракаева, А.Солиев саҳми бузург гузошта, дар рушди назариявии «Шашмақом» низ хизмати арзанда кардаанд. Қонунҳои назарию амалии «Шашмақом» ба тарзи аз даҳон ба даҳон ва раванди таълимии «аз устод ба шогирд» омўзонида мешуд ва ҳоло ҳам идома дорад. Тавассути мактаби суннатии «устод–шогирд» аз ҷониби донанда ва иҷрокунандаи «Шашмақом», яъне устод тамоми назокату зебоӣ, бадеият, таҷрибаи ғании илмию амалӣ ва нозукиҳои ин шоҳасар ба шогирд омўзонида мешавад. 70 мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон Бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомали Раҳмон 12 майи соли 2000 ба дастаи мақомхонони назди Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик мақоми давлатӣ ва номи устоди забардасти «Шашмақом» Фазлиддин Шаҳобов дода шуда, ин рўз ҳамасола дар саросари кишвар чун «Рўзи Шашмақом»таҷлил мегардад.

Ҳамзамон дар партави ин фармон, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакенту Истаравшан, Конибодому Ҳисор, Исфараву Қўрғонтеппа, ноҳияҳои Ашту Айнӣ ва ғайра дастаҳои доимамалкунандаи мақомсароён ташкил дода шуданд. Бо таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон (2000), Ансамбли давлатии мақомхонони «Нури Хуҷанд» (2000), Академияи мақом (2003) ва мактаби мусиқии бачагонаи «Шашмақом» дар шаҳри Душанбе (2003) дар таълиму тадриси «Шашмақом» дар кишвар шароити мусоиде фароҳам омад. Истеъдодҳои ҷавону умедбахш рўйи саҳнаи ҳунар омаданд. Ҳамарўза тавассути шабакаҳои гуногуни радио ва телевизиони Тоҷикистон консерту баромади мақомсароён тарғиб карда мешавад. 

Соли 2003 бо пешниҳоди ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон «Шашмақом» ҳамчун шоҳкории мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба Феҳристи шоҳасарҳои созмони байналмилалии ЮНЕСКО ворид карда шуд.